Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада бахшида ба “16 рӯз мубориза алайҳи хушунат дар хонавода ” чорабинӣ бо ширкати намояндагони шуъбаҳои кор бо занон ва оила ва равоншиносон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба моҳияти хушунат, пешгирии он ва нест намудани зӯроварӣ дар оила суханронӣ намуд.
Сипас, мушовири раёсати кор бо оилаи вилояти Суғд Бобоева Рафоат, мутахассиси раёсати кор оилаи вилояти Суғд Бобева Мабудахон ва сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон Фирӯза Қурбонова суханронӣ намуда, оид ба пешгирии хушунат дар оила, коргоҳ, муассисаҳо ва мубориза бо хушунат гуфта гузаштанд.
Дар интиҳо донишҷӯён ба меҳмонон суолҳо дода, посухҳои амиқ гирифтанд.
Қайд карда шуд, ки хушунат аз сабаби психолиягияи шикастаи шахс пайдо мешавад ва роҳи пешгирии он бо табобат вуҷуд дорад.