МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ

Терроризм ва экстримизм ба ҳамаи гӯшаю канори ҷаҳон дастрасӣ дорад. Мо гуфта наметавонем, ки ин муаммои кишвари мо нест, балки кишвари дигар аст. Ин куллан саҳл мебошад. Алайҳи терроризм ва экстримизм бояд тамоми ҷаҳон дастаҷамъона мубориза баранд, то ки ин падидаи хатарзову номатлуб тамоми ҷаҳонро ба коми худ фурӯ набарад.

Ҳодисаҳои террористие, ки саросари кишварҳои хориҷ, ба монанди Англия, Фаронса, Миср, Санкт-Петербург, Афғонистон ва Сурия ба вуқуъ омада истодаанд, шаҳодат медиҳанд, ки дастаи терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад.

Кушта шудани ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин дастаи ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

         Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст.
              Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле ғамангез аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо гирад, ба ҷуз Парвардигор.
               Ашхосе, ки ба чунин рафтори ҷоҳилона қодиранд, миёни мардум ҳастанд ва чеҳраи манфури худро зери ниқоби нафарони хайрхоҳу боимон пинҳон медоранд. Онҳо дар ҳамаҷоянд, дар тайёраву киштиву ҳавопаймо, идораву корхона, кӯчаву хиёбон роҳ ёфта, ҳадафҳои худро пиёда месозанд, онҳоро шинохтан ва аз мақсадашон огоҳ гардидан хеле мушкил аст.

            Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд.

             Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.

              Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.

               Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

          Мо бояд дарк кунем, ки ҳифз намудани амнияти миллӣ на танҳо вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони кумитаи амнияти миллӣ, балки қарзи шаҳрвандии мо низ мебошад. Агар мо ҳушёр бошем, зирак бошем метавонем чандин ҷиноятҳое, ки ба вуқуъ омаданиянд, садди роҳ гардем.

           Садҳо нафар ҷавонони гумроҳ ба доми терроризм афтидаанд. Агар ин амал давом ёфтан гирад, дар оянда мо ҷавонони содиқ ба Ватанро аз даст хоҳем дод. Худи ҳозир бетарафиро гузошта аз паси бедор намудани ҳушёрии сиёсии ҷавонон кӯшиш ба харҷ дод, то ки оянда дер нашавад.

 

 

Валиева М.Н.

мудири шуъбаи аспирантура

            ва магистратура