Дар даҳаи аввали моҳи октябри имсол барои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чанд рӯйдоди фаромӯшношудание дар сафҳаи таърих сабт гардид.
Танҳо дар рӯзи 7-уми октябри ҳамин сол се иншоот бо ширкати меҳмонони олиқадр ба истифода дода шуд ва ҳамчунин ду олими ҷавони донишкада рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуданд.
Санаи 9-уми октябр бошад, омӯзгори кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раҳимҷон рисолаи номзадии хешро дар самти техникӣ дифоъ намуданд, ки ин даҳаи аввали моҳи октябр бегумон ҳамчун сафҳаи нави муваффақият дар таърихи донишкада сабт хоҳад шуд.
Раёсати донишкада ба Бобоев Раҳимҷон дифои рисолаи номзадиро табрику таҳният гуфта, барояшон муваффақиятҳои нав ба навро дар ҷодаҳои илму фанноварӣ таманно менамояд.