Имрӯз дар толори китобхонаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо ибтикори муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Насриддинов З.З. муаррифии асарҳои илмии тозанашри олимон ва кормандони донишкада сурат гирифт, ки дар он чаҳор китоб ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки китобҳои мазкур ба самти тахасусии Донишкада равона карда шудааст ва муаллифон Бобоев Р., Мирзомиддинов И., Ёқубов С. Ва Осими Оқил, ки дар чорабинии имрӯза ширкат доштанд, ёдрас шуданд, ки нашри китобҳои соҳавӣ қадамҳои аввалин буда, ба мавқеи ҷуғрофӣ ва замон мувофиқ офарида шудаасту дар кишвар ин таҷриба камназир аст.
Ҳамчунин ёдрас мешавем, ки нашри “Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳот ва мафҳумҳои соҳаи технологияҳои мошинсозӣ” дар кишвар аз аввалин иқдом аст ва таваҷҷуҳи олимони донишкада ҳам баҳри зиёд намудани адабиёти илмии соҳавӣ равона гардидааст.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ ҳозиринро аз номи роҳбарияти донишкада табрик гуфта, барои саҳми арзанда гузоштанашон дар илми тоҷик бо Сипосномаи ДКМТ сарфароз гардонид.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ибтикори роҳбарияти китобхонаи ДКМТ ташкил ва гузаронида шуд.