Санаи 28.08.2020с. дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон муаррифии китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат- ҳастии миллат” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Китоби дуюми “Забони миллат – ҳастии миллат” саргузашту сарнавишти забони модарии моро аз ҳамлаи муғул(асри 13 )то суқути сулолаи Манғитиён дар Осиёи Миёна ва эълони Ҷумҳурии Халқии Бухоро (1920) дар бар мегирад.
Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад.
Дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна оид ба мӯҳтавои асари тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат- ҳастии миллат” баромад намуда қайд намуд, ки забон ҳамчун падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар шахс ҳувияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарофатманди мо дар тӯли тарихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфони рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Устоди кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Нурматова М.Р. дар бораи асари тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат- ҳастии миллат” баромад намуда, қайд намуд, ки мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардонидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад.
Президенти кишвар мегӯянд:
Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он зинаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардем. Дар баробари ин як қатор санадҳо қабул карда, барои пешрафти он барномаҳои даватиро роҳандозӣ намудем ва ба хотири бузургдошти ин рукни муҳими давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҳамасола Рӯзи забонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавиро дар ин айём баргузор мекунем.
Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззаи маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ба ин хотир доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар сухарониям буузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош мекунам.
Инчунин, устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Холова Ф. ва Саидов А. оид ба ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна ва густариши забони тоҷикӣ дар сарзамини Ҳинд баромад намуданд.