Бар асоси нақша-чорабиниҳои китобхонаи электронии муассиса ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯёни бахши якум дар шакли вохӯриву мулоқотҳо як силсила чорабиниҳо гузаронида шудаистодааст, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот масъули китобхонаи электронӣ Неъмат Салимзода иттилоъ дод. Аз ҷумла, то имрӯз бо донишҷӯёни бахши аввал барои дуруст истифода бурдани имконият ва таҷҳизоти китобхонаи электронӣ, тарзи ворид шудан ба сомонаи китобхонаву дигар сомонаҳо барои дастрас намудани адабиёти илмӣ ва дигар маводҳои таълимӣ машваратҳо ташкил карда шудааст.
Ҳамчунин, аз тарафи масъулони китобхонаи электронӣ ёдрас карда шуд, ки ҳангоми ба толор ворид гардидан, аз қоидаҳои асосӣ – вайрон накардани тартиботи ҷамъиятӣ, истифода набурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сомонаҳои ғайридарсӣ ва манъи дигар амалҳое, ки ба самту кори онҳо тааллуқ надорадро ба инобат бигиранд. Гуфта шуд, ки китобхонаи электронии донишкада, ҳамеша барои баланд бардоштани савияи дониши толибилмон талош менамояд ва дар худи ҳозир он дар баробари фонди асосӣ боз бар асоси ҳамкориҳои тарафайн бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрасии бевосита ба фонди китобҳои электронии ин муассисаро дорад, ки ин имкон медиҳад, то донишҷӯёни ДКМТ низ бо ҳама намуди адабиёти электронӣ дастрасӣ дошта бошанд.