Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷаҳони муосирро фаро гирифта, муаммоҳои хатарноки ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, терроризм мебошад. Мақсади шахсоне, ки ба чунин гурӯҳҳо шомил шудаанд, чӣ дар сатҳи маҳалли муайян ва чӣ дар сатҳи байналхалқӣ таҳдид ба бехатарии аҳли ҷомеа ва харобкорӣ мебошад.
Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, барои башарият хатари ҷиддиро ба миён овардааст.
Имрӯз гурӯҳҳои террористӣ дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.
Гурӯҳҳои террористӣ аксар ҷавононро фирефта, ба сафҳои худ ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳадафи шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои пешгирии он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Ифротгароён барои зиён овардан ба муҳити динӣ аз тариқи сомонаҳои интернетӣ фазои иттилоотиро ноором сохта, ҷавонони бедониш ва бехабар аз таълимоти дини мубини Исломро ба худ моил сохта, манфиатҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ҷиноятпешаро ҳимоят ва пуштибонӣ доранд.
Бо терроризм имрӯз танҳо бо роҳи низомӣ ғалаба кардан ғайриимкон аст. Дар ин росто, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот муҳим мебошад.
Бояд ба масъалаҳои муборизаи муштараки самаранок бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
З.ТОШМАТОВ,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон