Таҳти ҳамин унвон дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба муносибати ба ҳадафи чоруми стратегии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии кишвар конфронси илми-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи конфронси илмӣ ректори донишкада, дотсент Мухтор Фозилзода иброз дошт, ки дар Паёми солонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии мамлакатро ба ҳадафи чоруми стратегии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошта буданд ва ин дар назди олимони соҳа масъулияти азимеро вазифагузорӣ мекунад.
Дар маҷлиси пленарии конфронс маърузаҳои илмии зумрае аз муҳаққиқони ҷавони кафедраҳои коркарди канданиҳои фоиданок Ҳ. Маҳмудов ва З. Шеров оид ба масоили коркарди конҳои тилло ва арзиши аслии маснуоти заргарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Декани факултети металлургия А. Умарҷонов оид ба такмили технологияи таълими муҳандисон маъруза доштанд.
Сипас, дар бахшҳои гуногун вобаста ба мавзуъ доираи баҳсҳои илмӣ густариш ёфт.
Назар ба гуфтаи ташкилкунандагони конфронс ба унвонии донишкада анқариб 100 мақолаи илмӣ аз донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла аз донишгоҳҳои Федератсияи Русия ворид гардид. Маводҳои конфронс дар шакли китоби алоҳида пешкаши иштирокчиён гардид.
Баҳодур Зиёмиддинов,
Сардори шуъбаи илм, номзади илмҳои техникӣ