МУАММОҲОИ АСОСИИ КОРКАРДИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФКУНИИ ОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати кишварро пешниҳод карданд. Мувофиқи он бояд Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ бояд ба мамлакати саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад. Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ пеш аз ҳама бояд ба коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳсори мамлакат вусъати тоза бахшид. Кӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок хеле бой аст. Дар ин кӯҳҳо кони ангишт, тиллою нуқра (дар шакли худрӯй) ва маъданҳое, ки таркибашон металлҳои алюминий, мис, оҳан, руҳ,қалъагӣ, сурма, сурб ва ғайра (дар шакли оксидӣ, сулфидию полисулфидӣ) доранд, хеле зиёд вомехӯранд. Вобаста ба таркиби химиявӣ барои коркарди ин конҳо аз усулҳои гуногуни бойгардонӣ истифода мебаранд. Дар вақти коркарди ин конҳо муаммоҳои гуногуне мавҷуданд, ки боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли ин металлҳо мегарданд.

Муаммоҳои асосии коркарди канданиҳои фоиданок инҳо ба ҳисоб мераванд:

  • душвории дастрасткунии маъданҳо аз конҳо;
  • мавҷуд набудани ҷустуҷӯ ва иктишофи геологии системавӣ;
  • муаммои конҳои партофташуда ва басташуда;
  • муаммоҳои нақлиётӣ;
  • вобастагӣ аз воридоти техникаю таҷҳизоти пуриқтидор аз ҳориҷи кишвар;
  • муаммоҳои кадрӣ

Яке аз муаммоҳои асосии коркард нагардидани маъданҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар ҷойҳои дастнорас ҷойгир шудани конҳои канданиҳои фоиданок мебошад.

Дар ҳолати дур аз корҳонаи коркард ҷойгир шудани конҳо ва набудани роҳҳо барои интиқоли маъдан то макони ҷойгиршавии он, дар лоиҳаи корҳона бояд ба ғайр аз сохтмони инфрасохторҳо, харидорӣ ва дастрас кардани таҷҳизотҳою воситаҳои техникӣ, нақлиёти боркаш ва дигар маводҳои лозима, бояд пеш аз ҳама сохтмони роҳ ба эътибор гирифта шавад. Омода кардани роҳҳо барои интиқоли маъдан аз конҳои нави маъдан дар шароити кӯҳсори мо кори хеле душвор мебошад. Аммо, монеаҳо бо роҳи тарконидан бартараф карда шуда, сипас пораҳои дар натиҷаи таркиш ба амал омада, аз ҷои таркиш дур карда мешавад.

Мавҷуд набудани корҳои ҷустуҷӯи ва иктишофи геологии системавӣ ин муаммои дигари масъалаи мазкур мебошад. Дар Тоҷикистон дар давраи истиқлолият мувофиқи супориши Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон соли 2013 конҳои нави тиллои Даштӣ иктишоф карда шудааст. Инчунин корҳои иктишофӣ аз тарафи геологони тоҷик дар захираҳои пештар кафш карда шуда, низ бо муваффақият гузаронида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатишон барои вусъат бахшидани  корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологии системавӣ ба муассисаҳои илмии марбути соҳа, супоришҳои мушаххасро пешниҳод намуданд. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки мутахассисони соҳаи геология омода мекунанд аз ин пешниҳоди Пешвои миллат рӯҳи тоза гирифта, барои ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нави канданиҳои фоиданок дар рафти таҷрибаомӯзии истеҳсолиашон бо роҳбарии омӯзгорони худ ва мутахассисони соҳаи геологияи вилояти Суғд ҳиссаи худро мегузоранд.

         Муаммоҳои конҳои  партофташуда ва басташуда, яке аз мушкилиҳои дигари соҳа ба ҳисоб меравад. Бархе  конҳое, ки пештар бо сабаби зараровар будан партофта шуда буданд, ё  ки бо сабаби хатарнок будан баста шудаанд, ин ҳам яке аз муаммоҳои асосии коркарди канданиҳои фоиданок  ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин партови саноатие, ки дар таркибашон миқдори ками металли тиллою  нуқра доранд  дар даврони шӯравӣ дар наздикии корхонаҳои бойгардонӣ љамъ шудаанд, яке аз муаммоҳои саноати кӯҳию  металлургӣ ба ҳисоб мераванд. Хушбахтона, дар Тољикистон барои ҳалли ин муаммо усули тӯдавии људокунии тиллою нуқро бо роҳи пошидани маҳлули сианиди натрий ба тӯдаи партови тиллою  нуқра доранд ва сорбсияи ин металлҳо бо ангишти фаъол рохандозӣ карда мешавад. Муаммои маъмули соҳаи коркарди канданиҳои фоиданок ин  муаммои интиқоли ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёру тайёр ба ҳисоб меравад. Бо сабаби сиёсати иқтисодии нодурусти давраи шӯравӣ корхонаҳои омодакунии консентратҳо  аз корхонаҳои металлургӣ  дар масофаи дур љойгир карда шудаанд ва барои дастрас кардани консентрат то корхонаи истеҳсоли металлҳо, инчунин дастраскунии металлҳо то корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таљҳизот ва машинаҳои гуногун маблаѓи хеле зиёд сарф карда мешавад. Дар љумҳуриии мо низ он корхонаҳое,  ки дар давраи шӯравӣ сохта шудаанд бо ашёи хоми аз дигар љумҳуриҳо дастрасшаванда кор мекарданд, аз рӯ баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо аз фаъолият боз монданд. Хушбахтона дар даврони истиқлолият тамоми корхонаҳои саноати кӯҳию металлургие, ки дар Тољикистон  сохта  шуданд, асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ кор мекунанд ва дар наздикии  конҳои ашёи хоми худ сохта шудаанд ва интиқоли канданиҳои  фоиданок  асосан бо воситаи вагонҳои хурд бевосита аз кон то фабрикаи  бойгардонӣ  интиқол дода мешавад ва харољот барои интиқоли ашёи хом хеле ночиз аст, аз ин лиҳоз харољотӣ нақлиётӣ ба арзиши аслии маҳсулоти тайёр кам таъсир мерасонад ва маҳсулоти истеҳсолшаванда дар бозор бо сабаби паст шудани арзиши аслии маҳсулоти тайёр рақобатпазир мегарданд. Муаммои вобастагӣ аз воридоти техникаю таљҳизоти пуриқтидор аз хориљи кишвар барои  Љумҳурии  Тољикистон ин муаммо, муаммои рақами як ба ҳисоб меравад. Дар корхонаҳои давлатӣ мо тамоми техникаю таљҳизоти пуриқтидор, воситаҳои нақлиёт пурра аз хориљи кишвар ворид карда мешавад. Дар вақти корношояш шудани онҳо қисмҳои эҳтиётӣ аз давлатҳои онҳоро истеҳсолкунанда дастрас карда мешавад. Ин боиси  муваққатан  аз кор  бозмондани корхонаҳо мегардад. Баъзе аз  қисмҳои содаи эҳтиётӣ аз тарафи корхонаҳои системаи мошинасозӣ омода карда мешавад.

Нарасидани кадрҳои баландихтисоси  муҳандисӣ  барои  Љумҳурии  Тољикистон яке аз муаммоҳои замони муосир  ба ҳисоб меравад. Сабаби асосии норасоии кадрҳои  баландихтисос, яъне кам пеша кардани ин касб аз тарафи  љавонони имрӯза мебошад. Дар замони шӯравӣ муҳандисони соҳаи саноати кӯҳию металлургӣ, асосан аз марказ ба кишвари мо сафарбар карда мешуданд ва зарурат ба тарбияи кадрҳои маҳаллӣ вуљуд надошт.  Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ эҳтиёљ ба кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ  ба масъалаи мубрами рӯз табдил ёфт. Барои бартараф кардани ин муаммо аз тарафи Ҳукумати Тољикистон фавран чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар солҳои аввали истиқлолият  љавонони тољик барои таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳои хориљи кишвар  сафарбар карда шуданд. Хушбахтона, иқдоми наљиби    Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон  оид ба таъсиси донишкадаҳои соҳавӣ дар кишвар рохандозӣ гардид, ки яке аз ин иқдомҳо ташкил кардани Донишкадаи кӯҳию металлургии  Тољикистон мебошад. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани ин донишкада  масъалаи таъминоти  кадрӣ дар корхонаҳои    соҳаи саноати кӯҳию металлургӣ  ба қадри зарурӣ ҳалли худро ёфта истодааст. Аммо, барои бо таљҳизоти пуриқтидор  кор кардани хатмкунандагони он бозомӯзии онҳо дар хориљи кишвар зарур мебошад.     

Омӯзгори калони кафедраи

фанҳои табиӣ-илмии Донишкадаи

кӯҳию металлургии Тоҷикистон

             Ғафоров С.Ҷ.