МО ҶАВОНОН ФИРЕФТАИ АҚИДАҲОИ ИФРОТГАРОНАИ ТЭТ ҲНИ НАМЕГАРДЕМ

Умри инсон чанд марҳиларо дар бар мегирад ва дар миёни ин марҳилаҳо зеботарину дилпазиртаринаш фасли ҷавонист, зеро дар ин фасл ҳар шахс асосан солиму нерӯманд, барнодилу болидарӯҳ аст.

Ҷавониро чун рамзи тавоноӣ, қудрат, шукуфоӣ ва саодатмандӣ пазируфтаанд. Масалан, вақте бахти ҷавон мегӯянд, мурод аз он ҳадди ниҳоии хушбахтист.

Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст:

Даромад ба айвони шоҳаншаҳӣ,

Ки бахтат ҷавон боду давлат раҳӣ!

Шахси ҷавонро ҷавонмард мегӯянд ва дар ситоиши ин гуна шахс ашъору ҳикоёти зиёде гуфта шудааст.

Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмӯз,

Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмӯз.

Шукрона аз он мекунем, ки имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг тандурустиву саноат, илму маориф ва кишоварзӣ саҳми арзанда доранд. Ҷавонон, ки худро пайрави Пешвои миллат медонанд, ба қадри ин фаровониву осоиштагӣ расида Истиқлолияту ваҳдатӣ миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва сиёсати ояндасози Сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ мекунанд.

Оре, ҷавонон дар назди Ватан масъулияти бузург дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидиро иҷро мекунанд. Бинобар ин, тарбияи дурусти насли наврас вазифаи муҳими ҷомеаву давлат ба шумор меравад. Маҳз дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ тарбия ёфтан ва дорои маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ будан, ҷавононро қодир месозад, ки манфиатҳои миллии кишвари худро дарк ва ҳифз намоянд.

Ҷаҳони зудтағйирёбанда равандҳои сиёсӣ, зуҳуроти гуногун, мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар пай дорад, ки ба тафаккури ҷавонон таъсир хоҳад гузошт. Ҷавонони Тоҷикистон низ аз ин таҳдидҳо эмин нестанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мушкилот ва сарчашмаҳои таъсиррасон сари вақт муайян ва роҳи дурусти пешгириву бартарафсозии онҳо амалӣ гарданд.

Яке аз падидаҳои ҷомеаи муосир Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри XXI мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоърасон дар ҷаҳон баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва Интернет низ, истисно нест.

Тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дар як рӯз 33,3 дарсади истифодабарандагон, махсусан ҷавонон, аз 5 то 6 соат вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, ки хуб нест. Бо ин роҳ онҳо на танҳо вақт, балки ба саломатиашон ҳам зарба мезананд.

Вақтгузаронии барзиёд ва дар канор мондан аз олами воқеӣ яке аз паёмадҳои манфии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ин мушкилот бештар дар байни наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад. Дар ин ҷо бемасъулиятии волидон ба назар мерасад, зеро маҳз онҳо ба фарзандонашон компютер ва телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки бо чӣ кор машғуланд, кадом иттилоъро мутолиа мекунанд ва бо кӣ дар робитаанд?

Бояд гуфт, ки амнияти давлату ҷомеа пурра аз таъмини амнияти иттилоотии кишвар вобаста буда, бо раванди пешрафти техника ва технологияи ҷадид ин масъала боз ҳам ҷиддитар мегардад. Мутаассифона, шабакаҳои иҷтимоӣ назоратнашавандаанд ва на ҳамаи маълумоте, ки дар худ доранд, дурусту беғаразанд.

Солҳои охир гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва наҳзатиҳои фирорӣ аз тариқи баъзе расонаю сомонаҳои берунӣ яке аз воситаҳои тавҳин задан ба давлат ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо роҳи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок роҳбарияти созмони террористии ТТЭ ҲНИ миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ, аз қабили Вотсап, Вайбер, Имо, Скайп ва ғ. роҳбарияти ТТЭ ҲНИ мехоҳад мисли пештара дар муҳити иҷтимоии тоҷикон таъсири чуқур гузорад. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад. Қаламбадастони расонаҳои наҳзатӣ бо исми мустаор матлаб интишор мекунанд. Ба таври муттасил мушкилоти мавҷударо ба ҳадди ифрот бурда, оташи бадбиниро нисбат ба ҳукумат парокандан мегирад. Аз берун истода, дар мавриди ватанашон дурӯғ мебофанд ва гӯё ба иттилои хориҷиён мерасонад.

ТЭТ ҲНИ имрўз мехоҳанд ҷавононро бо ташвиқу талқин ба афкори диниву манфиятҷўёни худ ба корҳои бад сафарбр кунанд. Маълум мешавад, ки афроде берун аз кишвар кўшиш доранд бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок Тоҷикистонро дубора ноамн созанд. Дар асл метавон гуфт, ки ин гурўҳҳо мехоҳанд барои мардумро ба дину ҳурофотпарастӣ талқин намоянд. Маълум аст, ки дар замони имрўз бо мафкураи динӣ наметавон пеш рафт ва ба муваффақият расид. Аҳли илми ҷаҳонӣ борҳо гуфтаанд, ки замони дину хурофот кайҳо гузаштааст. Намояндагони гурўҳҳои мазкур аксаран аз илмҳои муҳими замонавӣ огоҳӣ надоранд. Як гурўҳҳои беилму хурофотзада, ки ба ҷуз суханони мутаасибони хоҷагони дигар ба ҳеҷ чиз бовар надоранд.

Ҳайратовараш дар он аст, ки то ҳол наҳзатиён аз ҳимояи ислому ҳифзи арзишҳои исломӣ сухан мегуфтанд, аммо якбора пӯстини худро чаппа пӯшида “демократияхоҳ” гаштаву шиорҳои тамоман наверо барои худ интихоб кардаанд. Сабаби ин тасмими онҳо маълум аст. Ҳоло Аврупо баъди даҳҳо ҳодисаҳои террористӣ дар хоки ин сарзамин, фаъолиятҳои тахрибкоронаи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, ки ҳамагӣ бо номи ислом ва “дар роҳи ислом” анҷом дода шуданд, дар муносибат бо раванде чун ТЭТ ҲНИ муносибати эҳтиёткорона нишон медиҳад. Кабириву ҳаммаслаконаш дарк карданд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҷараёни дингаро дигар наметавонад бо он барномарезӣ ва ҳадафҳое, ки дар асоси оинномаи худ дорад, дар марзи Аврупо фаъолият дошта бошад. Таъсиси “Паймони миллӣ” аз ҷониби чанд тан аз пайравони худи ТЭТ ҲНИ гувоҳи ин гуфтаҳост.

Мо мехоҳем, ки ҷавонони имрўза огоҳ бошанд, бештар китобҳоро мутолиа намоянд, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта бошанд. Роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо маълумот дошта бошанд. Ҷавонони зиёд имрўз ба тарғиботҳои гуногуни гурўҳҳои ифротӣ бовар намуда, ба онҳо шомил шуда истодаанд. Намедонанд, ки зарбаи сахт на танҳо ба ватани хеш, балки ба оила, падару модар, пайвандони хеш мерасонанд.

Аз ҷавонон даъват ба амал менамоем, ки огоҳ бошанд, ба давлати худ, модари худ, ватани худ ва сарвари он хиёнат накунанд, ки гуноҳи азмиеро дар назди ҳам давлат ва ҳам назди Худованд мегиранд.

Аз калонсолон бошад онро хоҳонем, ки ба ҷавонон корҳои нек, амалҳои солеҳро омўзонанд, ҳамроҳи онҳо бошанд ва одоби баланди шарқиёнаро таълим диҳанд.

Ҳамзамон ба ҳамаи ҷавонони саодатманди Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфтаниам, ки ҷавонӣ даврони кашф, сохтани истеъдодҳо ва шахсиятҳост. Ногузир аст, ки нафаре дар айёми пирӣ ба коре даст задаву муваффақият насибаш гардида бошад. Фақат дар овони ҷавонӣ инсон метавонад, ки роҳи ояндаашро интихоб кардаву ба сӯи фардои дурахшон қадам гузорад. Ҷавонӣ даврони аз ғунча берун гардидан ва шукуфтани инсон аст.

Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост,

Айни сабзидану шукуфтанҳост.

Ту ҷавонӣ, ҷаҳони ту роҳ аст,

Арсагоҳат зи моҳӣ то моҳ аст.

Мутавалиев А.Т.

муаллими калони кафедраи

коркарди конҳои канданиҳои фоиданок