Ин айём дар миёни ҷавонон, ки аксаран маълумоти дурусту ҳисобӣ надоранд, тарғиб ва тақлид ба фарҳанги бегона авҷ гирифтааст, ки хосияти хуб надорад. Баъзан ҷавонони кишвар ба расму одат ва фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ накарда, худро тозон ба фарҳанги бегона мезананд, ки дар ниҳоят на ба он мерасанду на ба ин фарҳанги миллӣ. Мафкураи ҷавононро дар чанд даҳсолаи ахир гурӯҳҳои мухталиф он чунон ифлос гардонидааст, ки хеле ба андешаву афкори бегона дода шудаанд, ки ин бузургтарин хатар бар амнияти мардум аст. Масъалаи аслӣ ва доғ ҳамон аст, ки ҷавонон кӯр-кӯрона тақлид мекунанд ва оқибаташро намеандешанд ва ин бузургтарин иштибоҳ аст. Ҳарчанд созмонҳо ва кишварҳои абарқудрат бо баҳонаҳои зиёд мехоҳанд, ки заҳр ё худ вирусро ба майнаи ҷавонон ворид намуда аз он ба манфиати худ истифода намоянд, ва нақшаҳои худро амалӣ созанд. Онҳо аз заъфи ҷавонон, ки якеаш бехабари аз фарҳанги миллист, истифода намуда насли ҷавон ва ояндадорро гумроҳ месозанд, ки дар натиҷа кор бар нафъи худашон ҳал мешавад. Аз ин лиҳоз, пайравӣ намудан ба фарҳангу маданияти бегона, бар зарари мост ва ҷавононро мебояд аз ин бо эҳтиёт кор бигиранд ва фирефтаи дурӯғи душманон нагарданд. Чуноне, ки ин шабу рӯзҳо афроди палид ва хоини ТЭТ ҲНИ ин масъаларо хеле хуб бар нафъи худ истифода намуда, мехоҳанд ҷавононро гумроҳ созанд. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, то дар ин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд ва фирефтаи дурӯғҳои хоинони миллат нагарданд. Моро зарур аст, то Ватани азизамонро дӯст дорем ва ба қадри хоку обаш бирасем. Мо фарҳанги қадимӣ ва бою ғании худро дорем, ки метавонад барои башарият тӯҳфаи арзандае бошад.