МО ЗИДДИ ТААСУБ ВА ИФРОТГАРОӢ

 

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

                           Саъди Шерозӣ

 

Тамоми узвҳои бадани инсон аз ҳамдигар вобастагї доранд, ки яке аз он узвҳо ба дард ояд ба фаъолияти дигар узвҳо халал ворид менамояд.

         Ҷомеаи ҷаҳони низ ҳамин гунааст. Дар кадом минтақа, ё мамлакати дунё нооромї, ё ҷанг қарор дошта бошад, он таъсири худро ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонї мерасонад.

Раванди љањони муосир нишон медињад, ки њануз њам дар љомеъа афроди камсаводу таасубкор ва ифродгаро мављуд њастанд. 

Асосгузори сулњу вањдати милли, пешвои миллат дар паёмњояшон аз нигарони мекунанд, ки баъзе гурўњњо аз низоми мусоиди љомеаи шањрвандии Тољикистон сўистифода мекунанд. Ба гуфтаи ў «ифротгарои ва таасубу хурофот коштани тухми кинаву адовати диниву мазњаби маргталабињои динї, сўистифодаи ислом бо ѓаразњои сиёсии гурўњиву шахсї ва дигар аъмоли номатлуб, ин имрўзњо моро водор месозанд, ки мо дар ин самт тадбирњои ќатъї андешем. Хурофот таасуб, ифротгарои ва бесаводи љањолат ва торикист. Ба мардум танњо бадбахти меорад».

Мушоњидањо ва тањлилњо нишон медињанд, ки фаъолияти њаракатњои ифротї бо мурури замон низоми муташаккили сиёси касб кардааст ва онњо иддаои таѓир додани низоми давлатдорї дар кишварњои мусулмониро доранд, зери таъсири аќидањои ифротї андешањои ботил сохтани арзишњои миллї ва дунявии љомеа шакл гирифта истодааст. Иштироки шањрвандони Тољикистон дар амалиётњои ин гурўњњо собит сохт, ки њадафи онњо, танњо Ироќу Сурия нест. «Њамаи ќуввањои ифротї мекушанд вазъи маънавї ва фарњангиеро, ки љомеаи давлатњои пасошуравиро фаро гирифта буд, пур намоянд ва љавононро барои пиёда кардани манфиатњои манфури худ баръало истифода баранд. Дар љомеаи сунатии мо дин мавќеи намоён дорад». Барои њамин ќуввањои ифротї ба љомеа ба шали дин ворид мешаванд.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, ифротгарої) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан мебошад.

Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ, хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Сабабҳои пайдоиши экстремизм ин:

  • сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
  • моддӣ;
  • идеологӣ;
  • хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
  • пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
  • ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
  • хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
  • поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
  • дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
  • фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои мухталиф ва дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад, яъне онҳо ҷонибдори таъсиси давлати фаромиллӣ дар шакли «Хилофат» мебошанд. Фаъолияти онҳо тамоми ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми дунё мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти «Давлати Исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) – ро, ки тамоми Ховари Миёнаро, бахусус: “Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад, таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард. «Давлати исломӣ» – як гурӯҳи тундравест, ки чанд соли пеш аз бадани шуъбаи ироқии шабакаи «Ал-Қоида» ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ «Хилофати исломӣ» таъсис дода, мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои «Давлати исломӣ», аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як  воҳиди бо номи «Хуросон» инъикос ёфтаанд.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бо самтҳои зерин амалӣ мегардад:

– андешидани чораҳои пешакӣ барои пешгирии фаъолияти террористи ва экстремистӣ, аз ҷумла ошкоркунӣ ва бартараф намудани шарту сабабҳое, ки барои амалӣ гаштани фаъолияти террористи ва экстремистӣ мусоидат мекунанд;

– ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии фаъолияти экстремистии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

Мубориза бар зидди терроризим ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад. Вай вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардонад.

Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шаванд. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми (ифротгароӣ) байналмилалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Аз ин лињоз, мо вазифадорем, ки  ба хотири тарбияи насли наврас ва љавонони имрўза дар руњияи ватан дўстиву сулњхоњї ва ободкориву созандагї, инчунин барои наслњои ояндаи халќамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муќаддасу нодир фарњанги сулњро њамчун љузъи доимии фарњанги зиндагии мардум густариш бахшем.

Бо пеш рафтани техникаву технологияњои муосир ва љањонишавї пешгири кардани роњи аќидањои ифротї ва тундгарои душвор шудаааст. Муборизаро бояд ба умќи масъала равона сохт. Тафакури насли наврасро бедор карда, љањонбинии динї ва дунявии ўро фаррох бояд кард, ки њадафи гурўњњои ифротї нагарданд.

 Аз ин сабаб ҳар як фард ва шахсиятро зарур аст, ки худро нисбати ин амалњои номатлуб бетараф нагирифта, бар зидди он мубориза барад. Нагузорем, ки фарзандони мо, ё ин ки љавонони диёр фирефтаи чунин гурўњњои номатлуб гарданд. Ҳамчунин дастуру супоришњои асосгузори сулњу вањдати милли, пешвои миллатро сармашќи кори худ намуда, баҳри пойдор нигоҳ доштани якпорчагии давлати соҳибистиќлоламон талош варзем.

 

Омузгорони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерии ДКМТ

Исматов Ш.Р., Бойматов Д.Э.