МОҶАРОИ КАБИРИИ ПАЛИД ВА МАҚОМОТИ ОЛМОН

Чандест, ки наҳзатиёни малъун ва ҳаромзода ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва бадном кардани миллат талош менамоянд ва барои ин кор аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд, ки ин амал борҳо исбот шудааст.  Албатта, ин ҷо намехоҳам аз сиёҳкорӣ ва табоҳрӯзиҳои наҳзатиён ва махсусан авбошони ТТЭ ҲНИ сухан ронам ва диққати хонандаи гироми мехоҳам ба як нуктаи бисёр ҳам ҷолиб ҷалб созам, ки аз ҳаёти воқеии наҳзатиён буруз кардааст.

Расонаҳои олмонӣ ва аз ҷумла расонаҳои минтақавӣ хабар доданд, ки панҷ нафар бо иттиҳоми содир намудани амали террористӣ дар қаламрави Олмон дастгир карда шуданд. Воқеият ин аст, ки ин панҷ нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ будаанд, ки аз номи ин ташкилоти террористӣ дар ҳайати террористони созмони террористии “Давлати исломӣ” омӯзиш гирифтаанд ва барои содир кардани амалҳои террористӣ дар қатори аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар Аврупо паноҳанда шудаанд, то дар он ҷо амалҳои террористиро содир намоянд ва ё ҷиноятҳои бузургеро амалӣ созанд, ки дар амалӣ намудани як нақшаи террористӣ ин панҷ нафар боздошт гардиданд. Аммо чизи дигаре, ки ин ҷо моро дар тааҷҷуб овардаасту ҳоло муаамобарангез аст, ин ҳимояи Кабирӣ роҳбари наҳзатиёни палид ва аз террористони номдори ТТЭ ҲНИ мебошад.

Ҳарчанд мақомоти Олмон эълом доштанд, ки ин панҷ нафар бо иттиҳоми содир намудани амали террористӣ боздошт шудаанд, аммо Кабирии палид аз ин тоифа ҳамчун мусалмон ҳимоя мекунаду ном мебарад, ки ин амал боз ҳам чеҳраи наҳзатиёни манфурро окшортар менамояд. Зеро тавре, ки хуб медонем Кабирии палид ин нафаронро худаш равона кардааст ва ҳамкории бисёр ҳам наздик бо созмони террористии “ Давлати исломӣ” дорад, ки ин борҳо исбот шудааст.

Агар ин панҷ нафар аъзои ТТЭ ҲНИ нестанд, пас чаро Кабирии палид аз инҳо ҳимоят мекунад?

Оё ин панҷ нафар аз хешовандони Кабирии палид ҳастанд, ки аз онҳо ҳимоят менамояд?

Ҳанӯз дар ҳамлаи Данғара низ аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки худро аввал аъзои ДОИШ меҳисобиданд, эълон доштанд, ки дар ҳамкорӣ бо ТТЭ ҲНИ ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла намудаанд ва пушти ин ҳамла фармони махсуси Кабирӣ бо хоҷаҳои хориҷияш меистод, ки бо далелҳои муътамад пурра исботи худро ёфтааст.

Ҳоло низ ин панҷ нафар, ки дар боздоштгоҳ қарор доранд ва умед бар ҳимояи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш доранд, вазъ дорад тағйир меёбад ва воқеияти наҳзатиёни малъун боз ҳам ошкортар мешавад. Ёдам ҳаст, ҳанӯз хеле барвақт  дар матлабе далелҳо ва афсурдагии аврупоиёнро аз наҳзатиён гуфта будем ва ҳамон ҷо қайд карда будем, ки дер ё зуд воқеияти ТТЭ ҲНИ ба аврпуоиён маълум хоҳад гашт ва ҷомеаи Аврупо ҳатман аз ин ки ин тоифаро  ҷой додааст, пушаймон хоҳад шуд. Ва ниҳоят вақт нишон дод, ки ин наҳзатиён ба одамгариву шафқат нестанд ва мисли ҳамон море, ки бар ивази раҳму шафқат боз мехоҳад одати худашро фаромӯш насозаду неш андозаду заҳр бизанад, мехоҳанд зарари худро расонанд. Зеро ин тоифаи наҳзатӣ ба ҳамин минвол тарбият гирифтаанд ва бо инсонбадбиниву душманӣ варзидан бар башарият ворастаанд, ки ин амал дар хунашон ҳаст ва ҳамеша бояд аз ин тоифа эҳтиёт шуд.

Новобаста аз он ки имрӯз наҳзатиёнро Олмон ҷой додааст ва ҳамчун паноҳанда як қисм маблағ низ мепардозад, наҳзатиён ба иноба нагирифта боз ҳам даст ба куштор ва нақшагирии амалҳои террористӣ мезананд, ки ин бисёр ҳам нигаронкунанда аст ва ҳамон воқеият ё худ аслияти наҳзатиёни палидро, ки на аз ислом баҳраманд ҳастанду на аз тарбияи шарқӣ ва билкулл хиёнаткору нохалаф ва нобакору хунхор ҳастанд, бармало сохт.

Пас чӣ гуна мешавад ин тоифаи бадкешро инсон хонд?

Оё рафтори инсони солим ҳамин аст, ки дар ҷавоби нону намак хунашро бирезӣ?!

Мутаассифона, ҳамин аст, воқеият ва ҳақиқати аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки боло гуфтем ва ҳоло дигар ин панҷ нафар сабабгори сар задани як моҷарои нави Кабирии палид бо мақомдорони Олмон гардидааст. Зеро тибқи одат ва формлаи пешакӣ тарҳрезӣ шудаи наҳзатиён Кабирии малъун ин панҷ нафарро мусалмон ва фирориву фаъоли сиёсӣ муаррифӣ мекунад, аммо мақомоти Олмон далели дигареро доранд, ки ин панҷ нафар дар сар мепарвариданд ва нақшаи ҳамлаи террористиро аллакай кашида буданд, ки дастгир шуданд. Акнун Кабирӣ бо кадом формула баромад карданашро намедонад ва ин лаҳзаҳо хеле малул мазлум гардидааст. Чунки ин аъмоли аъзоёни ТТЭ ҲНИ рӯз аз рӯз дурӯғҳояшро ифшо намуда, чеҳраи аслияшонро бармало месозад, ки ин амал дер намепояд ва шояд пас аз карантин аввалин тайёрае ҳам, ки ба парвоз мебарояд ин тайёраи олмониҳо бо ҷамъе аз наҳзатиёни бадарғашуда ба ҷониби берун аз хоки Олмон хоҳад буд.

Сад дар сад бовар дорем, ки имрӯз ё фардо ҳатман мақомоти Аврупо аз ҳиллаву макри наҳзатиён бохабар хоҳанд шуд ва ҳатман мактаби террористони наҳзатиро дар Аврупо хоҳанд баст. Пас он гоҳ наҳзатиёни малъун  бо Кабирии палид дар хоки кишварҳои африқоӣ ва ё худ Сурия қарор хоҳанд гирифт, зеро дигар  имконияти асрор пӯшонидан намемонад ва дигар макру ҳиллаи наҳзатиён  ба кор нахоҳад рафт.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ