МОНОСПЕКТАКЛ ДАР САҲНАИ ФЕЙСБУК

Шоми 18-уми январ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбати мустақими раиси Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо истифодабарандагони шабака баргузор гашт. Яке аз думравони Кабирӣ – Кури Юнус, ки дар барангехтани фитнаву низоъ ва паҳн кардани тухми адоват ҳамто надорад, бо диди худаш чанд нуктаро аз ин гуфтугўи Кабирӣ интихоб карда, дар саҳифааш гузоштааст. Чун ба масъала жарф нигаҳ мекунем, мебинем, ки дар ин иттилоъ гуфтаҳои баҳсбарангезу иғвоангези М.Кабирӣ ҷой дода шудаанд. 

Агар манзури Кабирӣ муборизаи тунди сохторҳои ќудратии Љумњурии Тољикистон бо аъзои ТТЭ ҲНИ бошад, ягон љойи шубҳа нест.  Онҳо ба ҷаҳониён собит карданд ва карда истодаанд, ки аъзои ТТЭ ҲНИ ба чӣ кор машғуланд . 

Мурод аз ин гуфтаҳои Кабирӣ ҳамон лаҳзаҳои шаҳвоние ҳастанд, ки баъзе муллоҳои каҷниҳод ба баҳонаи табобат ба занони мардум чашм ало карда буданд. Паҳншавии ин навор то андозае ихтироъи нав нест ва чунин наворҳо нисбати сиёсатмадорону шахсони номӣ дар Аврупо ва кишварҳои мутараққӣ ҳазорҳо маротиба нишон дода мешаванд. Мақсад аз онҳо огоҳонидани мардум ва ба фиреб дучор нагардонидани онҳо буд. Дастгирии Кури Юнус аз рўњониёни зинокор барои он аст, ки ин нотавонбину мазњабфуруш, дањюсу номард худ зинокор аст. 

Агар мардум ин наворҳоро тамошо карда ба худ хулосаи зарурӣ бароварда бошанд ва аз ҳама муҳимаш аз аъзогии ТТЭ  ҲНИ даст кашида бошанд, чӣ ҷои бадӣ дорад?!

Телевизиони Тоҷикистонро барои ин кораш аҳсант гуфтан лозим аст, ки барои ошкор кардани хиёнаткорон ва муллоҳои худобехабар ҳиссагузорї кардааст.

Дигар ин аст, ки Кабирї иддао дорад, ки наворҳои ҳаёти маҳрамонаи калоншавандагонро дар даст дорад. Пас ин чӣ аст? Таҳдид ва ё иръоб (шантаж)? 

Мардум ба суханони Кабирӣ дигар бовар надоранд, минбаъд низ бовар нахоҳанд кард. Гуфтугўи М.Кабирӣ тариқи расонаҳои шабакавӣ моноспектакле аст, ки як нафар ҳам актер ва ҳам коргардон ва хоҷагони хориҷӣ сармоягузори он мебошанд.

И.Раҳимов