Омӯзгорони кафедраи геология ва корҳои нафту гази Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи нақшаи дурнамои 5 – солаи корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра барои солҳои (2016 – 2020), ки соли 2020 ҷамъбаст карда шуд, як монографияи гурӯҳиро бо номи “Омӯзиши сохти геологӣ ва таркиби минералогии конҳои маъданӣ ва ғайри маъданӣ, беҳтар намудани сифати нафти молӣ ва баланд бардоштанӣ суръати пармакунии чоҳҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳаҷми 120– саҳифаи чопии компютерӣ, ки аз 7 – боб иборат аст, омода намуда, барои нашр ба сохтори илм пешниҳод намуданд.
Бояд зикр намуд, ки монография оид ба татбиқи натиҷаҳои таҷрибавии мавзӯи КИТ тибқи нақшаи рушди фанҳои геологӣ, минерологӣ, нафту газ ва пармакунии чоҳҳо дар заминаи чорабинии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ дар кафедраи геология ва корҳои нафту газ” корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар мавзӯъҳои зерин гузаронида шудааст:
- Самти илмҳои геологӣ, минерологӣ, техникӣ.
Мавзӯъ: “Геология, минерология, баҳодиҳии геологӣ – иқтисодии минтақа ва омӯзиши хусусиятҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
2.Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар самти нафту газ.
Мавзӯъ: “Усулҳои беҳтар намудани сифати нафти молӣ, кам кардани талафот ҳангоми интиқол, ҷамъоварӣ, омодасозӣ, нигаҳдорӣ ва мутобиқ намудан ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ” (ГОСТ).
- Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар самти корҳои пармакунии чоҳҳо.
Мавзӯъ: “Баланд бардоштани суръати пармакунии чоҳҳо дар шароити Тоҷикистони Шимолӣ”.
Нақшаи иҷроиши корҳои илмӣ – тадқиқотӣ барои 5 сол омода карда шуда аз ҷониби муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмиллалӣ ва Шӯрои олимони Донишкада тасдиқ карда шуда буд.
Мавзӯъҳои илмӣ –тадқиқотӣ аз рӯи се самт дар ҷаласаи кафедраи геология ва корҳои нафту газ протоколи №1 аз санаи 10.09.2015 тасдиқ шудааст ва мӯҳлати иҷроиши мавзӯъҳои илмӣ – тадқиқотӣ аз 01.01.2016 то 31.12.2020 муқарар карда шуда буд.
Тибқи нақшаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар мавзӯъи “Усулҳои беҳтар намудани сифати нафти моли, кам кардани талафот ҳангоми интиқол, ҷамъоварӣ, омодасозӣ, нигаҳдорӣ ва мутобиқ намудан ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ” (ГОСТ) корҳои муайян иҷро гардид.
Тибқи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқоти дар самти корҳои нафту газ дар конҳои амалкунандаи Ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Австрия “Петролеум Суғд” барои омодасозии нафт сарфаи моддаҳои қимёвӣ-деэмулгаторҳо муайян карда шудааст. Муайян намудани таркиби қимёвӣ, фраксионӣ нафти конҳои алоҳида, миқдорӣ сарфаи об барои шустани намакҳои хлоридӣ, ғашҳои механикӣ гузаронида шудааст.
Гузориши кӯтоҳ аз ҳисоботи мудири
кафедраи геология ва корҳои нафут газ Олимов А.А.