Омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи нақшаи дурнамои 5 – солаи корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра (2016 – 2020), ки соли 2020 ҷамъбаст карда шуд, як монографияи гурӯҳиро бо номи “ ТАҲЛИЛИ ИСТИЛОҲОТИИ СОХТОРӢ- ЛЕКСИКИИ ИХТИСОСҲОИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГӢ” дар ҳаҷми 113 – саҳифаи чопи компютерӣ, ки аз 3 – боб иборат аст, омода намуда, барои нашр ба сохтори илм пешниҳод намудааст.
Бояд зикр намуд, ки монография оид ба татбиқи натиҷаҳои таҷрибавии мавзӯи КИТ дар ҳудуди дурнамои илмии кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯён ва магистрантон тартиб дода шудааст. Монографияи мазкур барои донишҷӯён, аспирантон, кормандони илмӣ ва мутахассисоне, ки дар самти истилоҳоти кӯҳию металлургӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ истифода менамоянд, равона карда шудааст. Дар монографияи мазкур истилоҳҳои кӯҳию металлургӣ бо 3 забон аз тарафи кормандони кафедра оварда шудааст, ки хонанда метавонад бе ягон мушкил аз ин истилоҳҳои соҳваӣ корбурд намояд.