МОНЕА АЗ БАЙН РАФТ, АММО…

Андешае чанд дар атрофи Изҳороти Анҷумани тоҷикон дар Туркия оид ба

“НАҲЗАТИҲО БАРОИ ПУШТИБОНӢ АЗ ДИИШ ДАР…БЕРЛИН ГИРДИҲАМОӢ ТАШКИЛ МЕКУНАНД”

     Дар сомонаи АМИТ «Ховар» Изҳороти Анҷумани тоҷикон дар Туркия оид ба НАҲЗАТИҲО БАРОИ ПУШТИБОНӢ АЗ ДИИШ ДАР…БЕРЛИН ГИРДИҲАМОӢ ТАШКИЛ МЕКУНАНД мутолиа кардам, ки дар он омадасст :  «Мояи ифтихор аст, ки мақоми Ватани азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи байналхалқӣ торафт боло меравад. Танҳо давоми се моҳи охир дар кишвари мо чандин ҳамоишу ҷаласаҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе мизбони ҳамоишҳои сатҳи олӣ, саммити роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил) ва нишасти сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) гардид. Соли равон Тоҷикистон роҳбарии ИДМ-ро муваффақона сипарӣ намуд ва ин амал аз ҷониби роҳбарони кишварҳои дигари созмони мазкур ба таври шоиста арзёбӣ карда шуд

Гузашта аз ин, 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба кор дароварда шуд.

Вақтҳои охир ташаббусҳои Сарвари давлатамон вобаста ба аҳамияти об, барқарорсозию таъмини сулҳу оромӣ дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, обрўю таъсири кишвари моро дар ҷаҳон бештар афзоиш додааст.

Дар замони истиқлолият ва хусусан дар се соли охир Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба пешрафтҳои беназир ноил гардидааст. Соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва маориф мунтазам инкишоф меёбанд ва раванди мазкур дар маҷмӯъ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Иншооти бузурги саноатию нақлиётӣ ва энергетикӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ босуръат бунёд меёбанд. Симои кишварамон ва махсусан шаҳри Душанбе хеле зебою диданӣ гардидааст. Чунин вазъият дар замони ҳозира шумораи зиёди  меҳмонону сайёҳони хориҷиро бо мақсадҳои саёҳату истироҳат ва тиҷорату ҳамкорӣ  ба Тоҷикистон ҷалб менамояд.

Аммо роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ тамоми ин пешравиҳо ва ободию озодии Тоҷикистонро нодида гирифта, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо ҳар гуна маводи хабарии туҳматкунандаро дар расонаҳои интернетии ифротиашон паҳн менамоянд. Наҳзатиҳо, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар Аврупо панаҳ бурдаанд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопок ва иҷрои супориши сармоягузорони хориҷиашон мехоҳанд боз ҳам ақидаҳои зиддимиллии худро сари мардум ва хусусан онҳое, ки имрўз дар хориҷа муҳоҷир ҳастанд, бор кунанд.

Аъзои наҳзат пайваста кӯшиш менамоянд, ки амалҳои нопок ва ғайриқонунии худро бо роҳҳои гуногун рӯйпӯш намоянд ва ба хоҷагонашон нишон диҳанд, ки тарафдорони наҳзат маблағҳои хоҷагонро “самаранок” истифода намуда истодаанд. Инчунин аъзои наҳзат бо амалҳои мазкур дар назди роҳбарони аврупоиашон вонамуд менамоянд, ки наҳзатиҳо паноҳандагии сиёсиро «ҳалол» кардаанд.

Рӯзҳои охир дар расонаҳои иҷтимоӣ хабаре нашр шуд, ки аъзои созмонҳои террористӣ 10 декабри соли 2018 дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор менамоянд. Аз гуфтаҳои худи наҳзатиҳо бармеояд, ки ба ном «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон», ки ячейкаи асосии наҳзат ба ҳисоб меравад, бори дигар исбот намуд, ки наҳзат блоки «сиёсӣ»-и ДИИШ мебошад. Дар хабарҳои нашркардаи наҳзатиҳо гуфта шудааст, ки мавзӯи асосии гирдиҳамоӣ ҳифзи ҳуқуқи маҳбусон мебошад. Агар воқеан ҳам гирдиҳамоӣ барои пуштибонӣ аз ҷинояткорон баргузор гардад, пас наҳзат бори дигар бо ин амалаш исбот намуд, ки наҳзат пуштибонии аслии ДИИШ дар Аврупо мебошад. Агар воқеан ҳам ин «ҳамоиш» баргузор гардад, М.Кабирӣ бори дигар исбот мекунад, ки аъзои наҳзат бо ДИИШ ҳамкории ҷиноӣ доштанд ва доранд.

Вале мо, шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия аз он хушҳол ҳастем, ки ҳукумати Туркия аз амалҳои душманонаи наҳзат бохабар гардида, ҳамаи террористони наҳзатиро аз қаламрави кишвараш бадарға кардааст.

Аммо дигар кӣ будан ва чӣ хостани наҳзатиҳо ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон маълум аст. Пӯшида нест, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон доираҳои манфиатдори баъзе кишварҳои хориҷӣ бо истифода аз гурӯҳҳои хиёнаткори дохилӣ, яъне наҳзатиҳо мехостанд бо роҳандозӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ вазъиятро ноором карда, аз ҳисоби бадбахтии мардуми мо нақшаҳои  ғаразнокашонро татбиқ намоянд.

Дар натиҷа маҳз ҳамин Ҳизби наҳзати исломии ташкилкардаи душманони хориҷӣ буд, ки бо роҳи  зӯроварӣ солҳои навадуми асри гузашта сохти конститутсиониро барҳам дод, имкониятҳои моддии Тоҷикистонро нобуд кард, дар миёни мардум  душманию ихтилофи мазҳабию маҳаллӣ ба амал овард. Амалҳои нангину ҷиноятии наҳзатиҳо сабаби кушта ва гуреза шудани шумораи зиёди одамон ва нобудшавии иқтисоди кишвар гардид.

Вале террористони наҳзатӣ  рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандўстӣ  ва созандагии мардуми моро шикаста натавонистанд. Тамоми мардуми огоҳи Тоҷикистон бо зоҳир кардани ҷасорату матонат ва далерӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, дар Тоҷикистони азизи мо дубора сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд. Роҳбарону фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ бо вуҷуди баъди имзои созишномаи сулҳ авф гардидан ва аз имкониятҳои фаровони иштирок дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар бархурдор будан аз роҳи террору зӯроварӣ ва мақсади ғасби ҳокимият даст набардоштанд. Наҳзатиҳо ҳатто  хиёнаткорона кўшиши табаддулоти ҳарбӣ карданд, ки ин амали нангинашон боиси мамнуъ ва террористӣ эълон гардидани Ҳизби наҳзати исломӣ шуд.

Аслан, мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон як омили хатарноке буд, ки ба пешрафти кишвари мо аз ҳар ҷиҳат монеа эҷод мекард. Баъди аз байн рафтани ин монеа, дар се соли охир мо шоҳиди рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоду ҳаёти кишварамон гардидаем” .

Бале, чун монеаи хатарнок аз байн гирифта шуд ХНИ, аммо имруз доштани зиракии сиёсӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст.

 

                            Қурбонҷон Азизов, мудири шуъбаи тарбияи ДКМТ