
Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Модар бузургтарин фариштаи рӯи замин аст, ки бар мо ҳастӣ дод ва моро ба ҷаҳони нав офарид. Модар бузургтарин олиҳаест, ки бо будани худ дунёро зебо кард. Модар ҳасту мо ҳастем ва зиндагӣ идома дорад. Вуҷуди модарон дар зиндагӣ ин муъҷизаи ҳаёт мебошад. Дар васфи модар ҳар қадар сухан бигӯем кам аст, зеро бузургии модар, хидмати модар беназир асту фақат инсони солим ва ба маънои комилаш инсон ба қадри он мерасад. Эҳтиром гузоштан бар модарон ин эҳтиром гузоштан бар ҳаёт аст, бар лаҳзаҳои ширини зиндагист. Ҳамин аст, ки бузурге фармудааст-Дунё бо модар зебост”!
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бузургии модар ва нақши ӯ дар ҳаёт чунин изҳори назар намуда буданд : “Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад.
Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.”
Воқеан ҳам аз оғоз бо ба охир аз ибтидо то ба интиҳо мо модар мегӯем ва ин вожа муқаддас аст. Ҳастии инсон бо модар зебост ва аввалин муаллими инсон модар аст.
Модар, шахсияти нуронӣ ва ҳақиқатан маркази ҳаёти мост. Вай на танҳо шахсияти меҳрубон ва ғамхор, балки орзу, саъй ва талоши пурсамар барои бахшидани беҳтарин насиҳатҳо ва тарбияи фарзандон мебошад. Модар ҳамчун як офтоби гарм барои фарзандон хомӯшона равшанӣ бахшида, тамоми зиндагии худро ба онҳо тақдим мекунад.
Ҳар замон дар тамоми осор, шоирон ва адибон гуфтаанд, ки модар беандоза муҳаббат ва ғамхориро барои фарзандон бардошта, тамоми оламро бо ишқ зебову рангоранг мегардонад. Ба андешаи ман, модар олиҳаи садоқат ва меҳр аст, ки ҳар қадам ва ҳар ҳаракати ӯ барои сохтану тарбияи насли оянда мебошад.
Модар ҳаст, ки ғамхорона бо дуоҳо, нур, ва муҳаббат ба фарзандон роҳнамоӣ мекунад, ҳаёти хубро нишон медиҳад. Ин шахсияти ноёб ва беназир барои ҳамаи мо намунаи ибрат буда, арзиш ва эҳтироми ӯро набояд фақат як рӯз ё як ҷашн дар ёд нигоҳ дорад, балки ҳамарӯза бояд аз муҳаббату самимияти модар, аз эҳтиром ба ин олиҳаи ҳастӣ гуфт . Модар дар ҳар лаҳзаи ҳаёт, ҳамчун муаллим, шахсият ва роҳнамоӣ олам аст.
Дар ҷомеаи мо, бешубҳа, айни замон Рӯзи Модар як рамзи бузурги арҷгузорӣ бар модарон аст, ки дар ҳаёти фарзандон ва ҷомеа ҷашн маҳсуб меёбад. Модар – он ҷо, ки мо бо муҳаббати бепоён ва эҳсоси хештану меҳри ӯ тарбия ёфтаем ва метавонем ҳар як дастовардро ба ном ӯ сабт намуд.
Рӯзи модар, ки он як ифтихор ва обрӯи эҳтироми шахсияти модарро дар ҷомеа нишон медиҳад, барои ҳар як бонуи тоҷик манбаи ифтихор аст. Бигзор ҳар як модар дар ҳаёти фарзандон ва дар ҷомеа ҳамчун рамзи зебогии зиндагӣ ва муҳаббат бошад.
Шоири бузург фармудааст:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгушон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо валекин,
Мурданд ҷумла шохон охир гадои модар.
Гамхору ғам шарикон аз муи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахти холист ҷои модар
Модарон ғаниматанд, онҳо арзандаи лутфи накуянд, онҳоро дар вақти ҳастиашон қадр кардан, меҳрпошӣ намудан, хостаҳояшонро амалӣ намудан қарзи ҳар як фарзанд мебошад.
Дар охир, дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба кулли модарон ва бонувону духтарони нозанинамон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва саодату офияти зиндагиро таманно дорам.
Воҳидҷон Мирзозода
омӯзгори фаъоли Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон