МИРЗОИ САЛИМПУЛ БО АХБОР.КОМАШ ЯК ПАРАЗИТЕ ДАР ОЛАМИ ЖУРНАЛИСТИКА

Гулхонае гар даҳон кушояд, сад алам бисӯзад

Хоине гар забон равояд, сад  олам бисӯзад

Воқеан ҳам ҳоло чунин шудааст, ки имрӯзҳо хоинону бадкешони наҳзатӣ ба хотири он ки бештар миллатро гумроҳу сарсон созанд ва ба ҳамлаҳои иттилоотӣ гузаштаанд ва мехоҳанд, ки бо нашри ахбору матлаби бардурӯғ миллатро гумроҳу сарсон созанд. Зеро ин наҳзатиёни малъун ва хоин диданд, ки дигар бо формулаи кӯҳна, яъне домуллоҳову рӯҳониён намешавад мардумро ба майдонҳо кашид ва ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар амалӣ кард. Аз ин лиҳоз ба ҳамлаҳои иттилоотӣ гузаштаанд, то ба ин восита ҷавононро гумроҳ намоянд ва монеи рушду камоли онҳо гарданд.

Ба ҳамин ният аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири он ки ба мақсадҳои касифи худ бирасанд дар хориҷ аз кишвар чандин сомонаҳои интернетиро таъсис додаанд, то тариқи ҳамин расонаҳо мардумро гумроҳу сарсон намоянду матлабҳои бардурӯғу бофтаашонро ба мартуб ирсол кунанд.

Ҳоло сомонае, ки миёни мардум ҳамчу сомонаи ифротӣ ва дурӯғгуву ваҳмандоз машҳур гардидааст ин сомонаи интернетии  ахбор.ком аст, ки ҳамчун блоги хабарии ба ном журналисту дар асл террористи наҳзатӣ Мирзоиғвои Салимпул шинохта мешавад.

Ҳоло ин журналистаки террорист ва ҳаромзодаву бадсиришт ба хотири гумроҳ намудани миллат ва ба даст овардани маблағҳои ҳангуфт ҳар рӯз як хабари бардурӯғ ва иғвобарангезро нашр менамояд, то миллатро сарсону саргардон намояд ва бозори наҳзатиёни малъунро аз ин ҳисоб гарм намояд.

Ҳатто оддитарин овоза ҳам, ки асоси воқеӣ надорад барои сомонаи ахбор.ком хабар аст ва онро ҳамчун хабар нашр менамояд, ки ин бисёр ҳам шармсориву мояи бадномии журналистика мебошад. Вале намедонам аз чӣ ҳисоб бошад, ки созмонҳои журналистӣ ба хотири риоя накардани ахлоқи журналистӣ ва меъёрҳои касбӣ расонаи ӯро маҳкум намекунанду худи Мирзоиғвои Салимпули қулро ба расвои радди маъракаи журналистика намегардонанд?!

Ҳамон гуна, ки бузурге фармудааст, “ба дасти гадозодае гар қалам афтад, сад олами саводро сарсонӣ афтад”.  Дар ҳақиқат ин гадозодаи Мирзоиғвои Салимпул ба воқеият ва саҳеҳияти хабараш ҳам таваҷҷуҳ надорад ва ҳатто андеша ҳам намекунад, ки ин хабар воқеият надорад, балки онро бо идеологияи наҳзатӣ ҳамроҳ менамояду ба нашр расонид, то аз хоҷагони бадсиришти наҳзатияш маблағи бештар ба даст оварад.

Пас чӣ гуна мешавад ин тоифаи бадкешро инсон шуморид, вақте ки инҳо дар фикри ғаму ғурбат додани миллат бошанду хурсанду шод гаштани худ. Аслан Мирзои Салимпулро дар олами журналистика ва сомонаашро як паразит номидан сад дар сад дуруст мебошад.

Ин ки ҳоло сомонаи ахбор.ком аз ҷониби Суди Олии кишвар баста шуд, фоли нек аст ва умедворем, ки бо ҳамин дигар ҷанозаи ахбор.ком ҳам хонад мешавад. Зеро ин сомонаи ифротӣ ягон матлаби дурустро нашр намекунад ва сардабираш ҳам як гадозодаи ифротист.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ