Воқеан ҳам дар рушди Тоҷикистон соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон соли хотирмон буд. Дар ин сол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархи якуми Неругоҳи обии Роѓун ба истифода дода шуд, ки онро иншооти аср меномем. Ингуна неругоҳ дар минтақаи Осиёи маркази нест. Дар кушодашавии ин неругоҳ даҳҳо давлатҳои хориҷи кишвар иштирок карданд ва мардуми тоҷикро табрик гуфтанд.
Боиси афсус аст, ки “ҳаммиллатони мо” – аъзоёни ТЭТ ҳизби наҳзати ислом, ки ҳоло номашонро иваз кардаанд(дар асл ин шахсиятҳо миллату Ватан надоранд), ба ин бовари надоштанд. Амалиётҳои нопоки аъзоёни ин ташкилотро аллакай дар мамлакатҳои хориҷи кишвар медонанд. Ин аст, ки то ба наздик роҳбари ТЭТ-и Ҳизби хиёнаткори Назҳат Муҳиддин Кабирӣ дар Эрон истода бо супориши хоҷагони худ амалиётҳои террористиро дар ҳудуди Тоҷикистон ташкил карда мехост оромию осоштагии мардуми тоҷику тоҷикистониёнро халалдор созад.
Минбари ҳасратҳои Кабирӣ сомонаҳои иттилооти паём.нет ва ахбор.ком аст, ки ҳар қадами уро инъикос мекунанд.
Дар шабакаи Ютуб ҳам лофзанӣ карда Кабирӣ як сиёсатмадори дуруя ба ҳасраткунӣ идома медиҳад.
Маълум ки ба доираи хоҷагони Аврупои рақс мекунанд. Муҳиддин Кабирӣва ҳаммаслакони ў бояд фикр кунанд, ки ин навъ дар ба дарию лагандбардориро то кай идома медода бошанд?
Фарҳанги комили сиёсӣ медошт, Кабирӣ аз найрангҳои пасипардагиаш ҳарф мезад на даъват ба фархангу демократия дуруғин.
Дар доираи қонунҳои мавҷудаи кишвар фаъолият кардани аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон имконпазир аст.
Қурбонҷон Азизов,
роҳбари гуруҳи таҳлилию иттилотии
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон