МИНБАРИ ҲАСРАТИ АВОМФИРЕБОН

Ба саҳифаи сомонаи Ахбор.com нохун зада  хабарҳои олудаи ҳасратро хонда гуё ба асабҳоям нохун мезанам. Мисоли ин инъикоси як муноқишаи авбошона  дар Бадахшон аст. Аммо иншои мақолаи ғаразнок ба хотири исботи садоқат ба хоҷаҳои хориҷии худ чи самар медиҳад? Хомапулии зиёд ба ҷаноби Мирзои Салимпур, то ҳамёнаш пури пул шавад?

   Дар ин маврид тибқи қоидаи журналистика хадамоти матбуот мавҷуд аст, ки дар такя ба асноду далелҳо хабар ба нашр мерасонад бо ризояти муфаттишони ин қазия. Аммо дар такя ба сарчашмаҳои номуъматад нашр кардани маводҳои иғвоангез боиси коҳиши нуфуз ва дуршавӣ аз этикаи журналистӣ мегардад.

   То кадом андоза ба меъёрҳои журналистӣ ҷавобгӯ будани чунин минбарҳои иттилоотиро албатта коршиносони соҳа баҳогузорӣ мекунанд, аммо аз пашша фил сохтан ин элементҳои “Пиари сиёсӣ” аст. Ба хотири таърифу тавсифи ақидаҳои неруи мухолифин соҳиби инъом шудан.

    Минбари ҳасрати орзую армонҳои амали нашудаии як тудаи кучак аст чунин сомонаҳое ки ба ҷуз паҳн намудани иғво кори дигар надоранд. Хуб мешуд, ки ба ҷои мутолиаи хабарҳои бардурӯғ нури чашми худро ба мутолиаи осори ниёгон сарф намоем, то ғизои хуби маънавӣ гирем. Сайидои Насафӣ мефармояд:

То  чароғи анҷуман кардаам забони хештан,

Мехӯрам, чун шамъ доим мағзи ҷони хештан

Чуғзро вайронаҳо бошад ҳисори офият,

Кулбаи худ кардаам доруламони хештан.

Модари даврон ба ҷои шир хунам доду рафт,

Душманиҳо дидам аз меҳрубони хештан.

Сайидо, аз килки худ доим суханҳо мекашам,

Захмҳо дорам ба дил аз ҳамзабони хештан.

 

                                                          Зариф Тошматов, омузгори кафедраи фанҳои ҷамъиятию гуманитарии  ДКМТ ,