Муҳаммадиқболи Садриддини террорист ҳамон виҷдонфурӯхтаву номусбохтаи наҳзатӣ ба хотири фиреб додани насли ҷавон ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин барномаҳоро роҳандозӣ намудааст, ки яке аз онҳо “Минбари муҳоҷир” мебошад. Албатта, маълум аст, ки наҳзатиёни террорист ва хоин дигар фаҳмиданд, ки дар Ватан касе онҳоро гӯш намекунаду ҳама медонанд, ки наҳзатиён террористу хоинанд, думболи муҳоҷиронро гирифтаанд. Акнун М. Садриддин ливотакор думболи муҳоҷиронро часпидааст, то бо ҳиллаву найранг мақсадҳои нопоки хоҷагони наҳзатиёни хоин ва авбошро амалӣ гардонад. Яъне, М. Садриддини террорист ва хоину ватанфурӯш имрӯз мехоҳад муҳоҷиронро гумроҳ созаду обрӯйи миллату ватанро дар арсаи байналмиллалӣ коҳиш диҳад.
Тавре, ки аз муҳтавои барномаи мазкури М. Садриддини террорист маълум аст, ин барнома ҳам идомаи дасисабозиву иғвобарангезиҳои наҳзатиён буда, фақат барои гумроҳ намудану мағзшӯӣ гардонидани ҷавонони муҳоҷир роҳандозӣ шудаасту дар он чанд наҳзатии ифротӣ баромад мекунад, то дигарон ба сафсатаҳову ҳиллаву макри наҳзатиён бовар кунанд.
Ба ҳамин хотир ҷавонон бояд фирефтаи суханони ин наҳзатиёни манфур ва хоин нагарданд, чунки ин наҳзатиёни палид ва малъун ҳамон нафароне ҳастанд, ки бо ҳиллаву фиреб ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданду 160 ҳазор шаҳрванди бегуноҳи кишварро ба қатл расониданд.
Ин Муҳаммадиқболи террорист аслан душмани миллат аст ва ҳоло бо ҳамин барномаи “Минбари муҳоҷирон”-аш, ки дом барои гумроҳсозии муҳоҷирон аст, мехоҳад нақшаҳои душманонаи хоҷагони хориҷияшро бар алайҳи миллат амалӣ созад, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.
Ба ҳамин далел, бояд муҳоҷирон ва ҷавонон, ки хушбахтона кишвари мо имрӯз хеле рушд кардаасту ҳамарӯза ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардидаистодааст, фирефтаи ин макру ҳиллаи наҳзатиёни хоин, минҷумла Муҳаммадиқболи Садриддини номусбохтаву хоин нагарданд.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон