Мо халқи тоҷик аз азал дорои фарҳанг ва тамаддуни бою ғанӣ ҳастем. Ҳар нафаре агар таърихи ин миллати фарҳангсолорро хуб донад, арзишҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии онро қадр кунад, хуб огаҳ мегардад, ки ин миллат аз рӯи кина ва ҳасаду ҷаҳолат ба сӯи касе камону ханҷар накашидааст. Таърихи ин миллати соҳибтамаддун бозгӯи он аст, ки тоҷик ҳам дар мағриб ва ҳам машриқ бо илму тамаддуни ҷаҳоншумул ва арзишҳои баланди инсондӯстӣ тамоми мамолики оламро тасхир кардааст.
Ифротгароёни ҷоҳил ва бо истилоҳи имрӯза «фанатикҳо» дар минбарҳои созмонҳои Аврупо нисбат ба сиёсати имрӯзаи кишвар бадгӯиҳо мекунанд, ки ин амали ноҷавонмардӣ ва хиёнат ба модар-Ватан аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипҳои инсондӯстӣ дар ҷаҳон дар қатори 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳо ҷой гирифтааст, ки ин ифтихори мо тоҷикони тоҷдор аст. Ҳарчанд ин ифротгароёни муттаҳам мисли саге ҳастанд, ки ба сӯи моҳ аккос мезананд ва додашонро ҳеҷ кас гӯш намедиҳад ва суханҳои беасосашонро ҳеҷ кас этироф намекунад, худ ва номи ин миллатро ба ҷуз бад кардан дигар ҳеҷ ганҷе муяссар намекунанд. Ин шахсоне, ки дар минбари САҲА худнамоӣ мекунанд ба ҷуз номи худро доғ кардан дигар ҳеҷ амалеро анҷом дода наметавонанд.
Мо халқи тоҷик сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакатамонро қадр мекунем ва аз рӯи тартиботе, ки дар ин ҷамъият ҷорӣ аст осудаҳолона зиндагӣ дорем. Лаънати Худову халқ бод ба ин ифрогароёни муттаҳам. Шумо қадри ин Ватан, қадри ин марзу бум ва обу хокро намедонед, кӯр кунад шуморо шири поки модари тоҷик. Шумо ифротгароёнро оқибат ин замине, ки нахуст қадаматонро ба рухсорааш гузоштеду имрӯз дар васфаш бадгӯиҳо мекунед хору залил хоҳад кард.
Сабриддин Бобоҷонов
Омузгори кафедраи коркарди канданиҳои куҳии ДКМТ