МИЛЛАТ АЗ ЧАНГИ ХУРОФОТЗАДАГӢ, КИ БОЗДОРАНДАИ ИНКИШОФ АСТ, БОЯД БИРАҲАД!

Муҳаммадиқболи Садриддин, шахси бериё, пуррӯ ва асолатгумкарда, ки шомили доираҳои салафигароии кишварҳои нимҷазираи араб аст, дар сомонаи http://isloh.net/, ки пойгоҳи иттилоотии  ҳалқаҳои хатарноки бунёдгароии мазҳабӣ мебошад аз таърихи 06.11.2018 таҳти унвони «Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад» мақолае чоп кардааст, ки камбинии доҳии ҷавонони салафӣ М.Садриддин ва разилманишони амсолуҳумро хуб ҳувайдо ва ифшо мекунад.

Ду рӯзи охир, ин доираҳои миллатситез, чун медонанд, ки миллат аз торикӣ раҳо ёфт ва ҳадафи стратегии давлату Истиқлолияти энергетикӣ бо ба роҳ мондани чархаи аввали агрегати 6-уми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ноил мегардад, таблиғоти душманонаро афзоиш додаанд. Аз рӯзи душанбе, 05.11.2018с. то ҳамин лаҳза соати 09:00 8 маводи ғаразнок, ки аз онҳо бӯи тӯхмату таҳқир меояд, бо дасти хиёнатпешаи ин гурӯҳакҳо, ки савганд ва ояи каримаи «Қасам ба қалам»ро шикастаанд, бознашр мешавад.

Дар ин арзёбиҳои сатҳӣ ва ғайримунсифона, на аз мусулмонӣ нишон аст ва на аз одамгарӣ аломате. Дар ин «таҳлилҳо», ки бо маниши иғвогарона,  иншо шудаанд, аслан маълум нест, ки барои кӣ ва бо чӣ мақсаде таҳия мешаванд? Агар зарба задани ҳукуматро ҳадаф қарор дода бошанд, ин масалро «Обро бо ҳован куфтан» мегӯянд. Сад занад сӯзангар, як занад оҳангар. Ниҳодҳои иттилоотии ватанӣ оҳангаранд, таҷрибаи ноби руфтани ин ботилафкорро хеле хуб медонанд ва ҳарзагӯӣҳои Садриддини Муҳаммадиқбол, ки авлодан тамоюл ба барангехатани кинаву адовати маҳаллӣ, миллӣ ва нажодӣ дорад, ҳамсони хаси сари роҳ аст, ки руфтанаш ба ҷоруби кӯчабозорӣ саҳлу осон аст.     

Ба ҳамагон маълум аст, ки усули динӣ аз аҳкоми мазҳаби Имоми Аъзам бар воҷиб будани амри роҳбар далолат мекунад, вале Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худ бо мазҳаби бобоӣ худоҳофизӣ ва дар гарави салафиманишӣ афтидааст. Хати қирмизро шикастааст.

Барои равшанӣ андохтан ба хонандаи тоҷик, ки чӣ касе ва нафараке бар зидди рушди миллат дар хориҷа истода мубориза мебарад, ба муаррифии Муҳаммадиқболи Садриддин, оғоз мекунем. Боби нави таҳрир: Кӣ кӣ аст дар оппозитсияро шуруъ  мекунем?!

 

Инак, маълумотнома дар бораи Муҳаммадиқбол Садриддин. Ин тифлак, ки падараш Садриддини Қаландар дар вилояти Хатлон дар солҳои 90-уми асри гузашта, ҷавлони майдонталабӣ ва вазифахоҳиро доман зад ва яке аз асосгузорони ташкилоти террористии ҳизби наҳзат мебошад, дар куштору сар задани ҷанги хонумонсӯз шарик мебошад. Садриддини Муҳаммадиқбол ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфтааст. Чун хонаводаи онҳо табуи ҳамсоягӣва маҳаллиро шикаста, дар қатлу куштор даст дорад, табиист, ки дар маҳалли зисташон дар вилояти Хатлон онҳо халқи гирду атрофро шум мебинанд ва эҳсоси ғаризаи бақо аз тақдири норавояшон, аъзои ин хонаводаро маҷбур ба фирор кардааст. Яке дар Эрон аст, дигаре дар Арабистон.

 

Бале, хонандаи гиромӣ кудаки ҳушёр пистони ду модарро мемакад. Дар ин росто, барои онҳо фарқ надорад, ки яке аз Ҳарамайни Шарифайн ва дигаре аз Вилояти фақеҳ ҳимоя мекунад. Асосаш ба ин тӯдаи балвогар, ситонидани фоида ва аниқтараш арзиши изофа аз фаъолияти зиддимиллии худ ва равған рехтан бар оташи душманони ин хоку замин аст.

Ёдамон меояд, ки дар маҳале ки Муҳаммадиқболи Садриддин зиндагӣ мекард, ин оила танишҳои маҳаллиро чунон боло бурда буд, ки зодаи Бадахшон аз ғармӣ нафрат дошту  кӯлобӣ аз ҳардуи инҳо. Омили асосии бадбинии маҳаллиро  ин хонавода бино ниҳод ва заминагузори ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Акнун Муҳаммадиқбол Садриддин ҳомии миллат шудааст. Куҷои ин изҳоротҳои ӯ рост меояд? Бо грантҳои хориҷӣ ҷанги иттилоотӣ оғоз кардан, такрори иштибоҳоти падараш аст, ки бояд чилавгирӣ шавад.

Нушдоруи ин каҷравиҳои Садриддин Муҳамадиқбол чӣ аст? Чӣ бояд кард, ки ин фард аз гумроҳӣ раҳо шавад?

Шустани гуноҳҳои авлодӣ, ба М.Садриддин тавсия мешавад. Ин миллат диди васеъ ва дили васеъ дорад.  Гуноҳи сад тавбашиканро бахшид ва мақом дод. Ту баринҳо барои алвонҷ додани ҳаво, қӯшиш доред, чизе бо андешапароканиҳои ҷоҳилӣ ҳосил намешавад. Фарсахҳо дур аз Ватан оё мешавад, роҳҳали мушкилотро пайдо кард? Ҳаргиз ва ҳаргиз не. Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, давлат пойдор, миллат устувор ва Ҳукумат коромад аст. Аккоси саг ҳаракати корвонро монеъ намешавад. Ё ҳу, ё манҳу:      

 

Боз о боз о, ҳар он кас астӣ боз о,

Гар кофару габру бутпарастӣ боз о.

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ боз о.      

 

Ё ки ручӯъ ба оппозитсияи фирорӣ:

 

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин оппозитсия аз фарти харӣ

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

 

                                                                                          Муҳаммади Расоев, ҳамсояи М.Садриддин, ш.Бохтар