Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон санаи 12.02.2019 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои олимони ҷавон ва кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон диёри обҳои мусаффо» бо иштироки олимони ҷавон, кормандони шӯъбаи илми донишкада ва олимони ҷавон аз ДДХ ба номи Б.Ғафуров баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар, ки таҳти раёсати муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дотсент Насриддинов Замониддин Зайниддинович сурат гирифт, маърӯзаҳои худро олимони ҷавон баён намуда, аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҳифзи захираҳои обӣ, муаммоҳои глобалии саёра оид ба об ҳарф заданд. Дар кори мизи мудаввар Раиси Шӯрои олимони ҷавони донишкада номзади илмҳои техникӣ Осими Оқил дар мавзӯи «Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», сармуаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Боисов Нозимҷон Насимович дар мавзӯи «Ҷанбаҳои экологӣ ва иқтисодии НБО Роғун ва мавқеи он дар ҳифзи табиат», сармуаллими кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки донишкада Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович дар мавзӯи «Роҳҳои бартарафсозии ифлосшавии обҳои зеризаминӣ ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок», ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии донишкада Муҳаммадиев Акбархон Набихонович дар мавзӯи «Муаммоҳои мубрами норасогии об дар сатҳи сайёра» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷониби иштикрочиён ва маърӯзакунандагон саволу ҷавобҳо сурат гирифтанд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани нақша-чорабиниҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.