Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ ҷудо гардида, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар як қатор дастуру супоришҳо ироа гардид.
Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ, шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа санаи 26- уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби масъулони китобхона, мизи мудаввар дар мавзуи “Паём раҳнамои мо ҷавонон” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, кормандони бахши илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ, омӯзгорони кафедра ва ҳамчунин донишҷӯёни факултети металлургия иштирок намуданд.
Дар доираи мавзуи мазкур аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳо ба иштирокдорони ин чорабинӣ ироа гардид. Аз ҷониби донишҷӯи бахши якум Мизосаид Давлатов дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони имрӯза” маърӯзаи баҳтарин манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар охир директори китобхонаи илмӣ – электронӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки бояд ҷавонон бештар ба китобхонӣ машғул гардида, аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ парҳез намоянд.