Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо ширкати афсарону сарбозон ва ҳайати омӯзгорони Донишкада баргузор гардид.
Нахуст муовини тозатаъини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М. суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ ва арзишманд барои ҷомеа табрик гуфт ва аз сарбозон барои ширкат изҳори сипосгузорӣ намуданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки саҳми сарбозон дар оромиву осоудагии кишвар хеле муҳим аст ва ҷомеаи кишвар низ ҳамеша аз сарбозони далери худ сипосгузор асту бо онҳо ифтихор дорад.
Сипас омӯзгорони ДКМТ Нурматова М., Қутбиддинова Б ва Ғоибов Алишер суханронӣ намуда, атрофи ҳифзи марзу бум ва садоқатмандиву ҷасорати намояндагони артиш мулоҳизаронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки дар давраҳои минбаъда низ бахшида ба солгарди артиши миллӣ чорабиниҳои дигаре аз ҷониби раёсати ДКМТ ба инобат гирифта шудааст ва дар он ҳатман сарбозон даъват хоҳанд шуд.