Бояд гуфт, ки 1 августи соли 2018 бори нахуст «Барномаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои то соли 2030» қабул гардид ва ин санади муҳим ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард. Стратегияи мазкур вазъи кунунии соҳаи мазкур ва имкониятҳои рушди сайёҳиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дарбар мегирад ва низоми мониторингии он муқаррар шудааст.
Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он чор солро дарбар мегирад, амалӣ карда шуда, яке аз қисматҳои он ба ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон ва таъмини амнияти онҳо дар ҷумҳурӣ равона гардидааст.
«Сафари сайёҳон ба ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2018, дар маҷмӯъ, 950 ҳазор хориҷиён ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 маротиба зиёд аст. Дар ин давра ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон васеъ гардида, аз 135 мамлакати дунё ба Тоҷикистон сайёҳон ташриф оварданд. Дар ин давра 53 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуд ва онҳо ба бозори сайёҳии ҷумҳурӣ ворид шуданд. Беҳбуди вазъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзҳои 10-11 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ин нишаст омодагии ҳамаҷониба гирифтааст. Пас аз анҷоми ҷаласа меҳмонон аз маконҳои тамошобоби Тоҷикистон дидан хоҳанд кард», — зикр намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абуғаффорзода.
Дар нихояти кор ҳангоми баррасии маводи парвандаи ҷиноятӣ дақиқ шуд, ки Қорӣ Носир ном намояндаи ТТЭ ҲНИ фармоишгари ин амали терррористӣ буда, онҳо давоми чандин моҳ тарҳрезӣ карда будаанд. Саркардаи гуруҳ Ҳусейн Абдусамадов бо ҳукми Додгоҳи олии кишвар ба ҳабси абад маҳкум карда шуд.
Ба талхӣ гузаронидани умр ҷои таасуф аст ва душманони миллат ҳаргиз ба ҳадафи нопоки худ намерасанд. Ба қавли Сайидо:
Номдорам, лек умри ман ба талхи бигзарад,
Захр чои мум дар зери нигинам кардаанд.
Албатта, меҳмон азиз аст ва мизбон бояд ҳам онҳоро ба некӣ пазироӣ намояд.
Аммо дар марҳилаи аввал бояд фазои тинҷу амниятро барои ҳар сайёҳии хориҷӣ бояд фароҳам овард.
Маҳинбону Назарзода,
коргузори кафедраи геология ва корҳои нафту гази ДКМТ