МЕВАИ НОРАСИДА ШИРИН НЕСТ

Ҳанӯз аз барномаҳои рушди иқтисодӣ воқиф нашуда даъвои мухолифин шудан, ба мисли меваи норасида аст, ки дар мазоқи мазоқи мардум ширин нест. Гандумнамои ҷавфуруш шудани ҳизбҳои иртиҷоӣ ва исломи радикалӣ оқибат ҳазорҳо ҷавононро паси панҷара кашид. Аз захмҳои теғи забон лабҳои дандонгазида афзоиш ёфт.

   Терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар масъалаҳои глобалӣ хатари ҷиддӣ ба амнияти давлат, мардум, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср на танҳо ба давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида, балки тамоми ҷаҳон таҳдид намуда, хислати фаромиллиро касб кардааст.

Дақиқ аст, ки  созмонҳои террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ – динӣ худ аз худ пайдо намешаванд. Ин созмонҳо зода ва парвардаи қувваҳои бадхоҳ, баъзе нерӯҳои манфиатҷӯ, хадамоти иктишофӣ ва ҷосусии давлатҳои ҷудогона ба ҳисоб мераванд.

Воқеаҳои мудҳиши оғози истиқлолияти Тоҷикистон исбот намуд, ки душманони дохилӣ ва хориҷие, ки соҳибистиқлолии моро дидан намехостанд бо ҳар роҳу васила садди роҳи интихобкардаи мардуми мо гашта, ба сари халқи тоҷик даҳшату ваҳшонияти гӯшношунидро оварданд.

Назаре ба таърихи пайдоиш, фаъолият ва кирдорҳои ҷинояткоронаи сарварони ТТЭ ҲНИ, гурӯҳҳои силоҳбадасти он собит намуд, ки ин ҳизби бо дасти хориҷиён сохташуда ва аз хориҷи кишвар идорашаванда, аз лиҳози ғоявӣ, мафкуравӣ, молиявӣ побанди мақомоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, баъди шармандавор шикаст хӯрдан, барбод рафтани ниятҳои нопокашон, радди маърака шудан низ боз дар симои ҳамин душманони миллати мо такягоҳи худро пайдо намуд.

Қарори Президенти ИМА Дональд Трамп аз 8 апрели соли ҷорӣ дар хусуси созмони байналхалќии террористї эълон кардани Корпуси Сипоњиёни инќилоби исломӣ беҳуда нест. Ҳатто давлатҳои абарқудрат низ мисли ИМА, Франсия, Олмон, Русия ва ғайра даҳшати терроризмро эҳсос намуданд.

Санаи 10 апрели соли 2019 дар сомонаи интернетии “” мақолаи мухбири агентии иттилоотии “Параллель” Олег Алексеев бо номи “Покровитель ТЭО ПИВ – КСИР объявлен террористической организацией” нашр гардид.

 

Дар мақолаи худ Олег Алексеев далелҳои мушаххасро оид ба пуштибонӣ ТТЭ ҲНИ будани Корпуси Сипоҳиёни инқилоби исломӣ Эрон ва даст доштани ин ниҳод ба амалу тарғиботҳои зидди сохти конститутсионииТоҷикистон овардааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки Эрон аз ҷиҳати дороии сарватҳои табиӣ – нафт, газ ва дигар боигариҳо тавонманд аст, аммо бештари мардуми он зиндагии камбизоатона доранд. Дар натиҷаи сиёсати таҳдид, таъзиқу фишор ба зиёиён, равшанфикрон, Эронро ҳазорон олимону мардуми оддӣ тарк кардаанд.

Нафасе беш нест чунин ифтрогариҳо. Ба мисли тоири парбурида неруҳои мухолфин омодаи парвоз нестанд. Барои пойдории демократия ва рушди иқтисоди кишвар бо таҳаммул зина ба зина фарҳанги сиёсиро такмил дод, на меваҳои норасидаро ба бозори сиёсат рехт.

 

Рафтори Изаттулло, фарҳангшиноси ДКМТ