Маҷмӯаи пажӯҳишии омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ба нашр расид.

Маҷмӯаи пажӯҳишии омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ таҳти унвони “Таърихи кӯҳкорӣ ва фарҳанги моддии тоҷикон” ба нашр расид. Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Раҳимова Шаҳнозабону иттилоъ дод.
Маҷмӯаи мазкур фарогири мақолот ва пажӯҳишҳои анҷомдодаи омӯзгорони кафедра буда, барои хонандагон дастури хубе хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони кафедраи мазкур маҷмӯаи дигареро ҳам таҳти унвони ” Ваҳдат ормони олии миллат” низ бахшида ба рӯзи ваҳдати миллӣ ба чоп додаанд.


Шуъбаи иттилоот