Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ ҷиҳати шинохти арзишҳои миллӣ ва эътирофи абармардони олами сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари мазкур нахуст ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, аз мартабаву шӯҳрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”- сарфароз гардонида шуданд, ки ин аз шаҳомату шукӯҳи абармарди олами сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ин аз он дарак медиҳад, ки мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат имрӯз ҳамчун намунаи олии иродаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар арсаҳои гуногуни сиёсати байналмиллалӣ эътироф гардидаву имрӯз ҷаҳониён мехоҳанд аз ин сиёсати башардӯстона ва мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳрабардорӣ намоянд, ки ин боиси ифтихори мо тоҷикон аст.
Ёдовар мешавем, ки ин нишони олӣ қадршиносии хизматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ёдовар шуданд, ки барои ташаккули мактаби сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои башардӯстона аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони “Пешвои асри 21”- қадрдонӣ шуда буданд, ки ин ҳам аз касбияти баланду эътирофи ҷаҳонии мактаби бузурги давлатдорӣ ва сиёсати башардӯстонаи абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Мо, зиёиёнро зарур аст, то дар ин самт фаъолона ин мактабро, ки ҷаҳон эътироф кардааст, тарғиб намоем ва арзишҳои миллиро аз рӯи ин мактаби сиёсӣ ҳифз намоем.
Дар семинари мазкур ҳамчунин муовинони ректор ва деканҳо суханронӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот