Тибқи нақшаи кории кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дар толори китобхонаи донишкада, нишасти навбатии маҳфили илмии донишҷўён бо номи “Суханвар” баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 510201 Азиззода Саидхӯҷа дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ” баромад намуд. Сипас, донишҷӯён суханҳои ҳикматомӯз ва шеърҳо дар васфи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва забони тоҷикӣ гуфта, рамзи эҳтиром ба забони модариро ба ҷо оварданд.
Дар анҷоми маҳфил мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дотсент Тоҷибоева Манзура Икромовна ба донишҷӯёни донишкада, ки дар ҷорабиниҳои илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ иштироки фаъолона намуданд, сипоснома ва ифтихорнома тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар назди кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ чандин маҳфил амал менамояд ва донишҷӯён дар он аъзо мебошанд.