Имрӯз дар кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ маҳфили “Химикони ҷавон” баргузор гардид. Маҳфилро омӯзгори фаъоли кафедра Ғафоров Содирҷон ифтитоҳ намуда, дар бораи маҳфил ба меҳмонон андак маълумот дод.
Сипас, дар маҳфил донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси 480101 Замонов Иқбол дар мавзӯи ” Тартиб додани тавозуни маводии кислотаи фосфат аз фосфори моеъ” баромад намуда, ба тариқи ҳалли формулаҳо ва таҳлилҳои гузаронидашуда дар озмоишгоҳ моҳияти мавзӯъро шарҳ дод, ки ба ҳозирин писанд омад.
Ҳамчунин, дар маҳфили имрӯза озмун байни донишҷӯёни бахшҳои якуму дуюм ва сеюми ихтисоси 480101 баргузор гардид, ки шартҳои он чунин буд:
1. Муаррифии ҳафтавори деворӣ.
2. Баробар кардани реаксияҳои химиявӣ.
3. Ҳал намудани масъалаи химиявӣ.
4.Гузаронидани таҷрибаҳои шавқовар.
Донишҷӯён фаъолона ҳафтавори девории хешро муаррифӣ намуда, бр навбат аз рӯи шартҳои озмун баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар маҳфили имрӯза ҳамчунин меҳмонон муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, омӯзгори фаъол ва сермаҳсул Ҳуҷҷатов Абдуазиз, дотсент Саидов Бахтиёр, мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ, олими ҷавону варзида ва соҳибшуҳрат Ҳоҷиев Саидмуқбил ширкат варзиданд.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо суханронӣ намуда, миннатдории раёсати донишкадаро ба самъи ҳозирин расонид.