Санаи 25 майи соли ҷорӣ тибқи нақшаи кафедраи Экология вобаста ба иҷроиши Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақшаи маҳфили илмии донишҷӯён Муҳандис – эколог дар заминаи Маркази Орхус махфили сайёр бо иштироки кормандони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон оид ба ҳифзи муҳит, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар кори махфил, ғайр аз донишҷӯёни фаъол, аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А. ва мудири кафедраи Экология Ҳоҷибоев Д.Д. иштирок варзиданд. Дар оғоз Раиси маҳфили Эколог-муҳандис, донишҷӯи бахши 3 Хоҷаева Садаф бо сухани муқадимави баромад намуда, ҳозиринро барои шавқовар гузаронидани махфил даъват намуд. Аз ДКМТ се нафар донишҷӯён дар мавзӯъҳои зерин баромад намуданд:
1. Рушди саёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (тоҷикӣ) – Мариншоев В.
2. Истифодабарии зеҳни сунъӣ дар экология (англисӣ) – Ҷӯраев А.;
3. Гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон (русӣ) – Хоҷаева С
Намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон оид ба ҳифзи муҳит оиди фаъолияти онҳо оид ба нигоҳ доштани фауна ва флораи мавзеъи тугайзори ноҳияи Конибодом ахборот дод.
Донишҷӯёни фаъоли донишкада аз ихтисосҳои Ҳифзи муҳандисии муҳити зист, Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот, Металлургияи металлҳои ранга: Хоҷаева Садаф, Ҷӯраев Абдулвафо, Бобокалонов Кароматулло, Мариншоев Ваҳдатшо, Расулова Сарвиноз, Ҳасанова Сабина, Ҳакимов Акмал ва дигарон дар мубоҳисаҳо фаъолона иштирок намуданд.
Директори YGPE Икром Мамадов дар баромади худ қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон густариш ёфта истодааст, ин ҷаласаи сеюми муштарак буда, ин намуди вохӯриҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Намояндаи Раёсати ҲМЗ вилояти Суғд Хуршед Саидов дар баромади худ иштирокчиёни махфилро бо рӯзи байналмилалии гуногуни биологӣ табрик намуд, ва изҳор дошт ки чунин ҷамъомадҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар бо ҷалби хонандагон ва донишҷӯён барои рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муфид мебошад ва даъват намуд, ки минбаъда вохӯриҳо бо иштироки бештари донишҷӯёни дигар муассисаҳои олии кишвар гузаронида шавад.
Доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А. -қайд намуд, ки фаъолияти ДКМТ ва фаъолияти донишҷӯёни донишкада дар самти рушди тарбияи экологӣ бисёр фаъол мебошад, ва дар якчанд маҳфилҳои охир донишҷӯён дар мавзӯъҳои экологӣ бо се забон баромад карда истодаанд.
Дар охир Директори ташкилоти YGPE иштирокчиёнро барои чунин ҷамъомади пурмаҳсул сипос гуфта, таъкид намуд ки дар оянда барои иҷроиши Лоиҳаҳои муштарак бо ДКМТ чораҳо андешида мешаванд.