Дар толори Шӯрои олимони донишкада маҳфили “Ганҷи хирад”-и кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат варзиданд.
Дар маҳфили имрӯза олимону донишҷӯён аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров низ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Маҳфилро нахуст роҳбари маҳфили “Ганҷи хирад” Холова Фахриниссо ифтитоҳ намуда, дар бораи мавзӯи навбатии маҳфил ва ширкаткунандагон маълумот доданд. Сипас, донишҷӯён-аъзоёни маҳфил Примзода Меҳваршо дар мавзӯи «Истиқлолияти Тоҷикистон поянда бод! » , донишҷўи бахши 1, ихтисоси 520201 факултети металлургия Собиров Аслон дар мавзӯи« Роғун иншооти бузурги аср» донишҷўи бахши 1, ихтисоси 420101-04 т(А), факултети металлургия Абдуназарзода Ҳусейн дар мавзӯи «Саразм-оинаи тамаддуни халқи тоҷик», донишҷўи бахши 2, ихтисоси 510201-03 факултети металлургия Оқилшоев Исмоил дар мавзӯи «Суннатҳои ақлонӣ дар ислом аз нигоҳи мутафаккирони асри ХХ1» баромад намуданд.
Дар интиҳои маҳфил ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ба як қатор аъзоёни маҳфил ифтихорномаву сипосномаҳоро тақдим намуданд.