Санаи 26-уми октябри соли 2023, соати 13:00 дар синфхонаи 203 маҳфили илмии донишҷўёни кафедраи математикаи олӣ ва информатика баргузор гардид.
Дар оғоз сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби роҳбари маҳфили илмии донишҷўёни кафедра, омўзгори калони кафедра Муҳамедҷонова Ў.М. баён гардид. Ба ҳозирин маърўзачиён ва мавзўҳои онҳоро муаррифӣ кард.
Баъд мувофиқи нақша донишҷўи гурўҳи 1-510202(р) Нажмиддинов А. дар мавзўи «Способы адресации ячеек в MS Excel», ки таҳти роҳбарии омўзгори калони кафедра Ашўров Х.Ё. маърўза омода намуда буд, баромад намуд.
Мувофиқи нақша маърўзачии дуюм донишҷўи гурўҳи 1-36040203 Акрамов А. таҳти роҳбарии омўзгори калони кафедра Ҳаитова Ф.Ш., дар мавзўи «Ҳалли СМАХ бо ёрии матритсаи баръакс» баромад намуд.
Баъдан аз ҷониби устодон ва донишҷўён ба Нажмиддинов А. ва Акрамов А. саволҳо пешниҳод гардиданд, номбурдагон ба онҳо посухҳо доданд.
Пас аз шунидани маърўзаҳо, донишҷўи гурўҳи 2-360101 Зухриддинов Фаридун таҳти роҳбарии омўзгори калони кафедра Ҳаитова Ф.Ш. якчанд бозиҳои мантиқӣ пешниҳод намуд, ки он диққати тамоми иштирокчиёнро ҷалб намуда, фаъолнокии бештарро ҳосил намуд. Ҷавобҳои пурраи дақиқ аз ҷониби донишҷўёни гурўҳи 2-560102 Раҳмонқулов Х. ва Шукуров К., инчунин донишҷўи гурўҳи 1-430103-01Б Чорибоев Оллоҳбердӣ дода шуданд.
Санаи баргузории маҳфили навбатӣ ва баромадчиёни он аз ҷониби роҳбари маҳфили илмии донишҷўёни кафедра Муҳамедҷонова Ў.М. эълон карда шуда, маҳфили имрўза ҷамъбаст гардид.