Дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия маҳфили “Иқтисодчиёни муосир” баргузор гардид, ки дар он мудири кафедра Юсупов Х. ва роҳбари маҳфил омӯзгор Саидов М., бо ҷамъе аз омӯзгорони кафедра ширкат варзиданд.
Дар маҳфили имрӯза зери роҳбарии омӯзгор Ниязова Саломат донишҷӯ Мариншоев Ваҳдатшо дар мавзӯи “Такмил додани иқтисодиёти рақамӣ-бардошт аз Паёми Пешвои миллат” баромад намуд. Ҳамчунин, зери роҳбарии омӯзгор Раҳматов А. А. донишҷӯйи бахши сеюм Рустамов Ҳофиз дар мавзӯи “Таҳлили вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ” суханронӣ карда ба ҳозирин дар ин мавзӯъ суолу ҷавоб гузаронид.
Дар маҳфили мазкур омӯзгорон ва донишҷӯён бо якдигар дар мавзӯъҳои болозикр мунозара намуда, барои худ маълумотҳои бештаре ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили мазкур ҳар моҳ дар факултети металлургияи донишкада гузаронида мешавад.
М. Сайидзода