Маҳфили илмии донишҷӯёни «Эҷодкорони техникӣ» баргузор шуд

Тибқи нақша, маҳфили илмии донишҷӯёни «Эҷодкорони техникӣ» дар кафедраи фанҳои умумитехникӣ, синфхонаи 304 гузаронида шуд. Дар маҳфил омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфили эҷодкорони техникӣ иштирок доштанд.

Дар маҳфили илмӣ, донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 3610.01-«Таҷҳизот ва мошинҳои саноати кўҳӣ», Сафаров Бахтовар Худойназарович доир ба мавзӯъи “Истифодаи амалҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои механикаи назариявӣ” баромад намуд. Мавзӯи баромаднамудаи донишҷӯ аз нигоҳи илмӣ  асоснок карда, ба мақсади дар амалия ва ҳалли масъалаҳои механикаи назариявӣ истифода намудани амалҳои математикиро дар бар мегирифт.

Умуман тамоми масъалаҳои соҳаи техникаро, бе донистани забони математика тасаввур кардан ғайриимкон ҳисобида мешавад. Дар ҳалли масъалаҳо аз қоидаҳои соддатарин истифода бурда мешавад: ба монанди тақсим, зарб, ҷамъ ва тарҳ. Агар қоидаи тақсим, зарб, ҷамъ ва тарҳро надонем, масъалаҳоро ҳал карда наметавонем. Инчунин, боз қоидаи амалҳо ба дараҷабардорӣ, ҳосила ва интеграл дар вақти ҳалли масъалаҳои механикаи назариявӣ бениҳоят зарур мебошад. Донишҷӯ Сафаров Б. Х. ба ҳозирин оид ба татбиқи амалҳои матемакика дар се қисми механикаи назариявӣ, ситатика, кинематика ва динамикаро шарҳ дод.  

Баромади донишҷӯ Сафаров Б.Х., аз тарафи устодони кафедра назорат карда шуда, ба ӯ  баҳои мусбатро сазовор донистанд. Дар интиҳо, аз ҷониби омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил ба маърўзачӣ саволҳо дода шуданд, ки Сафаров Б. Х., ҷавоби хуб гардонид.

Ёдовар мешавем, ки роҳбарии маҳфили мазкурро омӯзгори калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудова С.С., бар уҳда дорад.