Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар кафедраи Экология маҳфили илмии навбатӣ баргузор гардид, ки он дар маърӯзаҳои зеринро муаррифӣ шуданд ва мавриди ҳамашунавӣ қарор гирифтанд:
- Аҳамияти тағйиротҳои экологӣ барои инсон – Раҳмонова М. (донишҷӯи бахши 2, ихтисоси 330101-05 тА).
- Хабарҳои экологӣ – Домуллоева М. (донишҷӯи бахши 3, ихтисоси 330101-05А)
- Онлайн викторина дар мавзӯъҳои самти экология
- Масъалаҳои ҷорӣ
Ҷаласаи маҳфилро Раиси он донишҷӯи бахши 4 Бобоҷонов М. оғоз намуда, ҳамагонро бо маърӯза ва донишҷӯёнро ба нишастагон шинос намуд.
Баъдан Раҳмонова М., донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 330101-05 бо маърӯзаи худ баромад намуд. Дар анҷоми маърӯза аз тарафи нишастагон ва донишҷӯён баромади ин донишҷӯ муҳокима карда шуд. Оиди ин мавзӯъ профессори кафедраи Экология Розиқов З.А. баромад карда қайд карданд, ки дар дар ин рӯз мавзӯъи баррасишаванда бисёр актуалӣ мебошад ва тадбирҳои оддии риоя намуда, ҳамагон метавонанд хавфи сироятёбӣ ё паҳншавии COVID 19-ро худро ва дигаронро эмин нигаҳ доранд.
Дар бахши дигари маҳфил бо номи “Хабарҳои экологӣ ва Оё Шумо медонед кӣ” донишҷӯйи бахши 3 Домуллоева М. бо маърӯзаи худ баромад намуд. Маърӯза хабарҳои нави экологиро оиди ифлосшавии муҳити атроф, коркарди дуюминбораи партовҳои пластикӣ ва ғайраро дар бар мегирифт.
Дар бахши онлайн викторина бо истифода аз платформаи Mentimeter саволу ҷавоби иштироккунандагон баргузор гардид, ки он саволҳои оид ба маърӯзаҳои маҳфил ва масаъалаҳои актуалии самти Экологияро дарбар мегирифт. Зеро айни замон, вақте ки истифодабарии технологияҳои информатсионӣ ва рақамикунонӣ дар ҳама соҳаҳо тараққӣ карда истодааст, зарурияти дар раванди таълим истифода бурдани онлайн – воситаҳои интерактивӣ ба миён меояд. Зеро ин онлайн воситаҳо имкон медиҳанд, ки ҷараёни таълим боз ҳам шавқовартар барои донишҷӯ, ва боз ҳам самаранок барои омӯзгор, гардад.
Ин воситаҳои интерактивии Mentimeter имкон медиҳад, то ки ҳангоми гузаронидани дарсҳои гуногун, семинарҳо ва маҳфилҳо азхудкунии маълумот аз тарафи донишҷӯён, фикру ақидаи ҳар як иштироккунандагони ягон семинар оиди масъала тариқи онлайн дар як лаҳзаи вақт пурсиш гузаронида шавад. Баъдан натиҷаҳо низ тариқи онлайн дар экрани проектор дастрас мегарданд.
Ба соҳибони ҷойҳои якум ва дуюм туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҳфилҳои оянда ҳамчун тӯҳфа китобҳои бадеӣ тақдим карда мешаванд, то ки донишҷӯён барои хондани китобҳои бадеӣ ҷалб карда шаванд.
Маҳфилро Роҳбари илмии маҳфил, доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А. чамъбаст карданд ва қайд намуданд, ки имрӯза маҳфил барои донишҷӯён бисёр шавқовар буд ва нишастагон барои худ маълумотҳои нав ва хабарҳоро дар самти Экология гирифтанд. Инчунин қайд карда шуд, ки ба ин маҳфил дар оянда боз ҳам бештар донишҷӯён ҷалб карда шаванд, аз он ҷумла донишҷӯёни хатмкунанда барои омода шудан ба саволҳои имтиҳони давлатӣ.