Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Холова Фахринисо татҳи унвони “Ганҷи хирад” баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону мудирон ширкат варзида бо донишҷӯён суҳбат анҷом доданд.
Дар маҳфили “Ганҷи хирад”, ки бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ баргузор мегардад, имрӯз омӯзгорону донишҷӯён суханронӣ намуданд. Маҳфили имрӯзаро нахуст роҳбари маҳфил Холова Ф., ифтитоҳ намуда, ба мудири кафедра Раҳимова Шаҳнозабону сухан дод. Раҳимова Ш. суханронӣ намуда, роҷеъ ба осори боқимонда аз даврони Авасто маълумот доданд.
Дар маҳфил ҳамчунин ду нафар донишҷӯён-аъзоёни ҳамин маҳфил Маллаев Н.В., Аҳмадалиев Ш. дар мавзӯҳои “Фалсафаи илм ва давраҳои ташаккули он” ва “Истилоҳи мурофиавӣ дар “Авесто” баромад намуда, бо донишҷӯён дар атрофи ин мавзӯот муколамаронӣ намуданд.
Дар интиҳо ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ба донишҷӯён аз пораҳои бозмондаи “Авасто” мисолҳо оварданд ва ҳамчунин фарҳанги мардумони аврупову шарқро барои корбурди илми фалсафа ва назарияи илми ба донишҷӯён ташреҳ доданд.
Ҳамзамон, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён ва аъзоёни маҳфил изҳори сипос намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, то дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ва ғайраҳо ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Ганҷи хирад” ҳар моҳ мегузарад ва донишҷӯёни шавқманд метавонанд дар он иштирок намоянд.
М. Сайидзода