Маҳфили барномасозон “Интеллект”

Дар факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ маҳфили илмӣ таҳти унвони “Интеллект” баргузор гардид.
Маҳфилро олими ҷавон ва муваффақ, ҷавони ватандӯст роҳбари маҳфил н.и.т., дотсент Ашӯров Хайруддин  ифтитоҳ намуда, барномаи маҳфилро доир  ба  ҳафтаи илм ва ҳамзамон нақшаи чорабиниҳо ба ҳозирин муаррифӣ намуд. 
дар маҳфили имрӯза сардори раёсати таълим Осими Оқил, мудири кафедари математикаи олӣ ва информатика туев Шоҳин Шоевич ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Зимни баргузории маҳфили “Интелект” аъзоёни фаъоли ҳамин маҳфил донишҷӯёни гурӯҳи 400301-“Зеҳни сунъӣ” Сидиқзода Шодрух, Тоҷидинов Машраф, Назарзода Муҳаммадиқбол ва Қулдошев Самадҷон роҷеъ ба технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва рамзнависӣ маърӯза намуданд, ки мақбули ҳамагон гардид.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Интеллект” маҳфили тозатаъсис буда, дар назди кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ фаъолият мебарад.