МАҲРУМ АЗ ДИДОРИ ВАТАН

Дар сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон андешаҳои Р.Раҳимов “Андешаи баду маънии хом”-ро хонда ин ҷо иқтибос овардам, ки : “Баъзе афроди алоҳида ва созмону гурӯҳҳои манфиатҷӯ беасос баёнияву гузориш омода карда, ҳангома сохтанӣ мешаванд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири худро сафед кардан ва ҳақиқатро пинҳон доштан аст. Ин бор сомонаи пурғарази Салимпур Мирзо бо номи «Ахбор.ком» ба давлату миллати тоҷик  ва шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ часпидааст.

Ҳарчанд ба ҳамагон маълум аст, ки ин сомонаи ифротӣ аз ҷониби давлатҳои дуру наздик маблағгузорӣ мешавад, вале он таҳти пӯшиш матлаберо интишор дода, диққати ҳамаи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум мерасанд ва ободии икшварро мехоҳанд, ба он равона кардан мехоҳад, ки то гумроҳ созад ва аз давлату миллат дур шуда ба он пайравӣ намоянд. Танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин намоянд. Аммо ӯ берун аз кишвар фирорӣ ҳаст, берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебарад. Муборизаи номардона ва чоплусона.

Бо айбҳои бофтаю сохта ва бедалел ҳарф мезанад, вале беадолатию қонуншиканиҳои аз тарафи худ содиршударо пинҳон медорад. Дар мавод буҳтон, иғво, худсафедкунӣ, худҳимоякунӣ, худхоҳӣ ҷой дорад. Мирзо дурӯғ мегӯяд ва дурӯғро обу ранг мебахшад, то ҳақиқат аз мардум пинҳон монад. Аммо намедонад, ки дурӯғ дер ё зуд ошкор мегардад. Вай борҳо миёни халқ шарманда шудааст ва аз он ҳам бадтар шармандатар хоҳад шуд. Салимпур худ шарбати муъҷизадори озодиро начашидааст ва ҳеҷ гоҳ намехоҳад халқи тоҷик шарбати озодии ба даст омадаро бичашад. Ӯ озодӣ гуфта, мехоҳад озодии мардуми тоҷикро бо ресмони муҳтоҷӣ, беҳуқуқӣ, зулм ва истисмор бубандад. Ҳақиқатеро, ки надида, ба он баҳо доданӣ мешавад, вале баҳои онҳо баҳои дурӯғин аст.

Эътимод ба нафс барои муваффақиятҳову пешравии ҳар як инсон  заминаи хубест, вале вақте он бо дигар эҳсосоти манфии инсон махлут мешавад, на танҳо аз комёбиҳо дур, балки барои ҷомеа зиёновар хоҳад буд. Бахусус, агар он дар пояҳои баланди ниятҳо, ба монанди манфиатхоҳиву қудратталабӣ истифода гардад. Чунин як эҳсосоти махлутшударо дар рафтору кирдори Мирзои Салимпур мушоҳида намудан мумкин аст. Вай то ба имрӯз  эътимод ба нафси худро чунон бо ниятҳои ғаразнок пайвастааст.”

Чунин нафар дар ғарибӣ дур аз Ватан ҳарзагуӣ мекунад, ки шоистаи ибрат нест.

Фаридаи Амонулло,

омузгори ДКМТ