МАҲКУМИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Чӣ хеле ки асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” қайд намуданд: “Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Албатта, таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд. Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад. Дар ҳоли ҳозир амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифрогароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони оддӣ мегарданд. Айни замон, падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст. Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд.”

Дар шароити ҳозира ягон кишвари дунё наметавонад дар танҳоӣ бо зуҳуроти хатарбори терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мубориза бурда, муваффақ гардад. Барои ин ҳамаи ҳамаи кишварҳо муштаракона мубориза баранд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандон аз он ҷумла ҷавонон мунтазам дар чорабиниҳо барои  ҷалби бештари таваҷҷўҳи аҳли ҷомеа ба тақвият бахшидани мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеаро ба ташвишоваранда, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъшуда ва қотеона маҳкум намудани зуҳуроти хатаровари терроризм ва экстремизм ба маҳкум намудани  зуҳуроти номатлуби замони муосир фаъолона иштирок меварзанд.

Аз ин лиҳоз, дар шароити имрўзаи ҷаҳони  тағйирёбанда ҷавононро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои давлату Ҳукумат дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм муттаҳид гардида, барои ҳифзу ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва таҳкими ваҳдату суботи ҷомеа бо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва зиракии сиёсӣ саҳми хешро гузорем. Нисбати тақдири ҳамсолони хеш бепарво набошанд ва барои ҷилавгирӣ аз таъсири афкори бегона, мубориза бо экстремизм ва терроризм, пешгирии доман паҳн намудани ғояҳои ифротии ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон маъншуда ва тарғиби ақидаҳои солим, андеша ва тафаккури миллӣ талош варзанд.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамҷавор дар самти мубориза бо экстермизм ва терроризм тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд. Бо мақсади тақвияти корҳо дар ин ҷода Барномаи давлатии муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳия ва қабул гардидааст.

Вобаста ба ин, таъкид намудан ба маврид аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз тамоми мардуми кишвар дар мавриди аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин зуҳуроти номатлуби аср ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки дар атрофи барномаву ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид бошем, то дар амри решакан намудани ин вабои аср саҳми назарраси хешро гузорем.

 

Ҳоҷибоев Д.Д.

                                    мудири кафедраи экология