МАҲКУМИ ВАБОИ АСР ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРӢ.

Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол мекунад, орзуву омоли касро несту нобуд мекунад. Бояд қайд намуд, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама сарҷамона мубориза баранд.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсус гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «ҳизб-ут-таҳрир», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди зуҳури ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ҷараёнҳоест, ки талош доранд, асосан бо истифода аз эътиқоди диниву мазҳабӣ афкори мардумро ба сӯи худ ҷалб созанд. Ин гурӯҳҳо ҳамеша дар ҳоли ихтилоф қарор дошта, кӯшиш мекунанд, ки  арзишҳои дунявиро дар зеҳну шуури одамон коста гардонанд, сулҳу суботро вайрон намоянд, давлатро несту нобуд кунанд.

Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст. Қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” барои мамлакати мо заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам меорад.

Ҳодисаҳои нангин ва амалҳои зишти террористон, сӯиқасди табаддулоти давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарият ва аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  сурат мегиранд гувоҳи онанд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои разилонаи худро амалӣ намоянд.

Бо вуҷуди шикаст ва маҳкум карда шудани бархе аз гурӯӯҳои террористӣ аз ҷумла ҲНИ, ҳанӯз ҳам таҳдидҳо аз байн нарафта, терроризму экстремизм метавонад ҳар лаҳза ба ҷони инсонҳову суботи ҷомеа хатар эҷод намояд. Ба иртибот расидани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремисти дошта муваззаф гардонидааст. Дар ин раванд, бояд моддаҳои 6 – 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолиятӣ онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлатӣ ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистӣ доштаро дар бар мегиранд.

Баҳри таъмини сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ ҳамагон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намоем, ки кору фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар мамлакати мо несту нобуд карда шавад. Инчунин дар ҷавонону наврасони ояндасоз ҳисси хештаншиносӣ, масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солимро ташаккул диҳем, то ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи хоинон ва душманони миллат набошанду дар таҳкими сулҳу субот, рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд.

Шехова М.М

лаборанти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ