Як илллати зишти ҷомеа мавҷудияти маҳалгароӣ мебошад. Ин дар натиҷаи тарбияи нодурусти насли наврас ба миён меояд. Аммо баъдан дар табақаҳои гуногуни ҷомеа реша давонида боиси норозигӣ мешавад. Бешубҳа, ба шаъну эътибори инсон ҳам латма задани маҳалгароён тартиботи ҷамъиятиро низ коҳиш медиҳад.
Мувофики конунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хукук ба шаъну шараф ва эътибори корӣ хамчун хукукхои субъективи мукаррар шудаанд. Ин хукукхо ба гурухи хукукхои граждании гайримодди дохиланд. Болотар мо атрофи масъалаи неъматхои шахсии гайримодди сухан ронда, таснифоти хукукхои шахсии гайримоддиро низ тахлил намудем. Инчунин дар он чо масъалаи мавкеи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори дар низоми дигар хукукхои шахсии гайримодди барраси шуда буд. Холо бошад, мафхум ва мазмуни ин хукуки субъективи муфассалтар мавриди тахлил карор хохад гирифт.
Пеш аз баррасии мафхуми ин хукук мо бояд ба як масъалаи хеле нозук диккат дихем. Мохияти аслии ин масъала дар он аст, ки дар адабиёти хукуки бархе аз мухаккикон хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро ба хайси хукуки субъективи намешиносанд.
Дар хакикат ин хукуки субъективи дорои хусусиятхои хоси зиёд аст, вале харгиз онхо барои инкори хукуки субъективи будани хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори асос шуда наметавонанд. Баъзе муаллифон ин хукукро чузъи таркибии кобилияти хукукдори медонанд , кисми дигар онро ба мазмуни кобилияти хукукдори дохил мекунанд.
Хуб вақте ки дар доираи қонун салоҳияти ҳар нафар дақиқ шудааст, мо бояд аз лиҳози этика ба ин масъала назар андозем ва ҷиҳати пешрафти ҷомеа кодекси ахлоқиро ба танзим дарорем. Танҳо дар он сурат, риояи меъерҳои ахлоқӣ ба натиҷаи мусбат меорад ва дар ҷамъият падидаи манфӣ маҳалгароӣ решакан мегардад.
Нозири Нурмат, омузгори ДКМТ