МАҲАКИ РОСТИНИ САДОҚАТ БА ВАТАН

Саъдии Шерозӣ дар “Гулистон” чунин овардааст: “ Ҳар кӣ душмани кӯчак (хурд) – ро ҳақир мешуморад, ба он монад, ки оташи андакро муҳмал гузорад (аҳамият надиҳад)

Имрӯз бикуш, ки метавон кушт,

К-оташ чу баланд шуд, ҷаҳон сӯхт.

Магзор, ки зеҳ кунад камонро

Душман, ки ба тир метавон дӯхт.

Ҳанӯз дуди ҳасрати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  пароканда нашуда, сар боло кардани тарафдорони  Ҳизби наҳзати ислом ҳамон оташи андакро ба хотир меорад.  Аҳамият надодан ба ин дасисаҳои сиёсӣ як навъ бетарафӣ мебошад. Аз ин хотир, ба даст гирифтани ҷилави ҳушёрии сиёсӣ рисолати ҳар як зиёии мамлакат мебошад. Хосса, дар муносибат бо ташкилотҳои динӣ ҷавонон маърифати ҳуқуқиро такмил бояд диҳанд. 

Тибқи қонунгузориҳои мавҷуда, ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлатӣ дахолат карда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон, ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомоти давлатӣ ҷудо карда шудаанд ва онҳо имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.Шаҳрвандон дар интихоби дин озоданд. Ба тарзи дигар гӯем, инсон дар эътиқоди динӣ, виҷдон ва шахсият озод аст. Аммо, то кадом андоза аз ин озодӣ истифода мекунанд, бешак, ба сатҳи фарҳангии сиёсии шаҳрванд вобастагӣ дорад.

Барои мо такмили фарҳанги сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон басо муҳим аст. Бояд ба мардум ёрӣ расонд, то ки арзиши ҳуқуқи инсон, фарҳанги ҳуқуқ ва таҳаммулро бубинанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд. Ҳамаи ин мардумро бар зидди ифротгароӣ хуб тайёр мекунад.

Аз ин хотир, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ эътибори хосса дода мешавад. Чунки тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Эътимод ба Ватан бояд тарбия дода шавад.

Даргириҳои сиёсии кишвар дар солҳои 90 – уми асри гузашта бори дигар аҳамияти эътимод ба Ватанро собит сохтанд. Маҳз пойдории  ваҳдат дар охири ҳамон солҳо ба халқи мо бахту саодат овард, мамлакатро орому осуда, мардумро хурраму хушрӯзгор сохт. Камоли ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

Дар Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон ҷиҳати зоҳир кардани таваҷҷуҳ ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ва пешгирии ҳуҷумҳои иттилоотии ТТЭ ҲНИ ва дигар ташкилотҳои манъшуда дар давоми соли хониш аз ҷониби гурӯҳи иттилоотӣ ва омӯзгорону кормандон тавассути шабакаи интернет пайваста алоқаю  вокуниш ва изҳорот паҳн гардид. Баҳри ҷоннок намудани фаъолияти донишҷӯён дар корҳои таблиғотӣ, ташаккули маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо аз ҳисоби донишҷӯёни  боистеъдод низ гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуданд. Инчунин, тибқи нақша якчанд маротиба вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо омӯзгорону донишҷӯён ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда гузаронда шуданд. Бо мақсади пешгирии омилҳои бегонагароӣ ва хурофотпарастӣ дар байни донишҷӯён шуъбаи тарбияи донишкада мунтазам чорабиниҳои маърифатию зеҳнӣ, фарҳангии фароғатиро таҳти унвони «Мероси ниёгонро ҳифз менамоем» роҳандозӣ намудааст.

Моро зарур аст, ки фирефтаи дасисаҳои  сиёсӣ нашуда, баҳри ободии Ватани азизи худ саъю кӯшиш намоем. Дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, баҳри ободонию шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем. Имрӯз ба шарофати илму амали созандаи худ дар пойдории истиқлолияти кишвар саҳми арзанда бигузорем. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид намуданд: “Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд”. Рисолати мо – аҳли илм аз он иборат аст, ки ҳамин умедвории Президенти мамлакатро бо фаъолияти самарабахши худ амалӣ намоем. Дар ин самт аз ҷониби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Муҳим дилгармӣ ба кор ва эътимоди қавӣ ба Ватан аст.

 

М. ФОЗИЛЗОДА,

ректори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон 

(Аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, санаи нашр: 19.10.2018    №: 204 )