Донишманд, нависанда ва пешвои бузурги мардуми Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ дар бораи мақому манзалати инсонҳои бузург суҳбат ороста фармудааст, ки инсони соҳиброй, равшандил ва покизагавҳар ба монанди чароғи фурузон аст, ки дунёро нуру сафо мебахшад, боз мегўяд, дар паҳнои торик ва душворгузари зиндагӣ ҳатто як чароғ кофист, то битавонад, амиқтарин зулумотро бишикофад, ба бодияҳо нури худро интишор намояд, бо нури афрўхта аз масофаи дур ҳам бошад ба дилҳо умеди равшанӣ бахшад.
Ривоят аст, ки Худованд дар як аср танҳо барои як қавм ё қабилаи роҳгумзадае дар рӯи замин дӯсти хеш ё сояи худро мефиристодааст, то он миллати роҳгумзадаро роҳнамоӣ кунад. Миллати тоҷик 1000 сол инҷониб ҳомии хешро надошт ва баъд аз чандин аср Худованд бар сари миллати тоҷик боз сояи хешро фиристонд, то ба ин халқи ҷафодидаву роҳгумзада пушту паноҳ, роҳкушову роҳнамо бошад. Замони нангу замони ҷанг буд, замони бераҳмиву қатлу куштор ва замони нобаробариву ноиттифоқӣ буд. Замоне буд, ки шуълаи умед барои зиндагии осоишта дар замири тоҷикон кайҳо хомӯш гашта буд, то даме ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат интихоб гардиданд.
Шукрона менамоем, ки ин шахсияти бузург, меҳаншинос дар замири халқ шуълаи умедро дубора барафрӯхт ва миллатро дубора зинда гардонд. Нахустин сӯхани пурарзишашон “Ман ба Шумо сулҳ меорам” буд ва ба ин ваъдаи худ вафо карданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар ваъзиятҳои бениҳоят мураккабу вазнини сиёсиву ҳарбӣ мулоқотҳои судманд намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва хушбахтона ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд.
Бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мебошад, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба он дар як давраи сангин ба минтақаҳои хатарнок сафар намуда, бо мухолифин гуфтушунидҳо ва музокироти судманд анҷом доданд. Пешвои муаззами миллати тоҷик барои ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ҷавонии хешро фидо карданд, то ҷавонони миллат саодатманду хушбахт бошанд. Маҳз хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз як кишвари ба пораҳо тақсимшуда Тоҷикистони ягона бунёд гардида, халқи шарифи он дар партави як сиёсат бо ҳам омаданд ва пуштибонӣ аз сиёсти пешгирифтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуданд.
Пешвои миллат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳаё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар бо шукургузорӣ аз оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти босуботи ояндаи кишвар азму талош мекунанд. Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонони ояндасози миллат бо ташаббусҳои созанда баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузоранд.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ–Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.
Пас аз нисбатан ором шудани вазъи кишвар Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва пайвастани минтақаҳои ҷумҳурӣ сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат тамоми фаслҳои сол имконпазир гардид.
Бояд зикр намуд, ки душвортарин муаммои ҷумҳурӣ масъалаи истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои мошингард анҷомида, бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва як қатор неругоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуда, сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид, ва имрӯз аллакай агрегати якуми ин неругоҳи азим ба мардуми кишвар нӯри Раҳмонӣ дода истодааст, ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол, ки ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори дигар барқарор гарданд, сарҳадҳо кушода шуда, одамон бемамоният аз ҳамдигар дидан намуданд, хешу табори аз ҳам ҷудошуда бори дигар ба ҳам қарин гардида, равобитҳои судманд ва муштараки иқтисодӣ инкишоф ёфтанд.
Дар даврони Истиқлолият ҷашни миллӣ-Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуд.
Дар иртибот ба татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018с. “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар баён доштанд, “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2020-2025” таҳия ва тасдиқ гардид, ки ин имконият медиҳад марҳила ба марҳила саноатикунонии кишвар амалӣ гардад.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”эълон намудани солҳои 2020-2040” тадбирандешӣ гардида, имконият ҷиҳати амалӣ гардидани он тарҳрезӣ шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар дунё халқиятҳое ҳастанд, ки чандин асрҳо вуҷуд доранд, ки дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар фидо гаштааст, аммо ин халқиятҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд. Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебо дорем ва бояд ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта, дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмати дучанд намоем.
Қозиев К.С.-номзади илмҳои
физика ва математика, дотсент,
декани факултети электромеханика