Ҳарчанд маълум аст, ки М, Садриддин яке аз террористони наҳзатӣ худро мусалмону донандаи улуми динӣ меҳисобад, аммо дар асл як хоин ва хоркунандаи дину мазҳаб мебошад. Зеро шариати динӣ ҳаргиз иҷозат намедиҳад, ки мардак занмиҷозӣ кунаду ба зонуи толибон бишинад. Ин як тарафи масъала бошад аз ҷониби дигар эҳтироми волидан ҳам дар дин ҷойгоҳи хоса дорад ва махсусан дар мазҳаби ҳанафӣ. Аммо аз чӣ бошад, ки ҳамин домулло-террорист ва як неомулло Маҳмадиқбол аз ин ҳарду риоят намекунад?
Мо, хуб медонем, ки М. Иқбол ба хотири сарф намудани маблағаш ва он ҳам 80 евро аз ширкат дар ҷанозаи падараш дар Полша даст кашидааст, ки ин ҳам як беэҳтиромӣ ва туф кардан бар ҳама заҳматҳои падар мебошад, ки ба он ҳамин домуллои наҳзатӣ ва фоҳишаи Кабирӣ иҷозат додааст. Пас аз ин куҷои мардиву мусалмонӣ мебарояд?
Оё нафаре, ки падари худашро дӯст намедораду эҳтиром намекард, миллатро дӯст дошта метавонад?
Ҳаргиз чунин нахоҳад буд ва ҳаргиз аз чунин инсоне ки аз волидайнаш рӯ тофтааст, уммеди некӣ набояд дошт. Ва ҳамин аст, ки имрӯз М. Садриддин бо ҳамин шеваҳои фиребу найранги наҳзатӣ мехоҳад мардумро гумроҳ созад ва гоҳ-гоҳе худро ҳомии миллат ва дӯстдори мардум муаррифӣ менамяод, ки бисёр ҳам дурӯғи маҳз аст. Зеро нафаре, ки падарашро ҳатто дӯст надоштааст, чӣ гуна метавонад каси дигарро эҳтиром намояду ғамхорӣ созад?
Ин ҳама бозиҳои сиёсии наҳзатиён ва М. Саргин маҳз ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва иҷро намудани фармони хоҷагони хориҷияшон мебошаду халос. Зеро ҳамагон медонанд, ки ҳам М. Саргин ва ҳам дигар наҳзатиён аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд, то бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранду ҷомеаро ба гумроҳӣ кашанд.
Худи ҳамин М. Саргин ҳар рӯз бо нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез талош менамояд, ки дар миёни мардум дасисабозӣ карда тухми фитна бикорад ва ҳамин аст, ки барои чунин навиштаҳояш аз кишвари ба мо маълум маблағ низ ба даст меоварад, ки ин хеле хиёнати бузург мебошад.
Вале бо макру ҳилла бо худ мазлумсозиву бофтани суханҳои дурӯғ ва туҳматҳо имрӯз М. Саргин мехоҳад мардумро гумроҳ сохта, ҳадафҳо ва мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияшро амалӣ гардонад, ки ин як душмании рӯисрост мебошад. Аслан мағзи сари М. Саргин ба ҷуз аз қабули фармони хоҷагони хориҷияш дигар чизеро ҳам қабул карда наметавонад ин динпарастияш ҳам дурӯғе беш набуда, мисли солҳои қаблӣ мехоҳад бо нодуруст шарҳу тавзеҳ додани аҳкоми шариат ва аҳодис мардумро гумроҳ созаду кисаи худашро пур намояд.
Аз ин рӯ чунин хулоса намудан мумкин аст, ки ин М. Саргин, ки ин қадар доди ватандӯстиву миллатдӯстӣ мезанад дар асл як хоин ва хиёнаткори мардумфиреб буда, ба хотири чаҳон танга пули хоҷагони хориҷияш имрӯз омода аст, аҳли байташро ҳам ба хизмати хоҷагони хориҷияш бидиҳад.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ