Маълумот доир ба фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар 9 моҳи соли 2020

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати кишвар корбарӣ намуда истодаанд.

Корхонаҳои соҳа дар 9 моҳи соли 2020 ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 10,4 % ро ташкил дод.

 Истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна, хишт 133,7 миллион дона, хишти сементӣ 55,6 миллион дона, газоблок 30,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1077,2 ҳазор метри мукааб ва  бетони сохтмонӣ бошад ба 313,4  ҳазор метри мукааб баробар шудааст.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 45,7 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 27,3 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 18,4 миллион   доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурўши семент мебошад, ки маблағи он 45,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин (9,4 млн доллар), шиша (5,8 млн доллар), гаҷкартон (4,6 млн доллар) ва маснуоти санитарӣ (0,6 млн доллар) ташкил додааст.

Соли 2020 корхонаҳои шифербарории ҶДММ “Хизир Назар”-и шаҳри Гулистон, “Восеъ саноат”-и ноҳияи Восеъ. корхонаҳои коркарди қуму шағал ҶДММ “Дустии Бародарон”, истеҳсоли хишт “Нури Ҳикмат” дар ноҳияи Рўдакӣ ва ҶДММ “Қуми Регар” дар шаҳри Турсунзода, ҶДММ “Ватан МКМ” дар ноҳияи Шаҳритус   ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо 84 ҷойҳои кории нав бунёд гардидааст. Ҳисоботҳои омории онҳо дар омор фаро гирифта шуда, дар 9 моҳи соли 2020 ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Истеҳсоли семент.

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарорӣ 5,6 миллион тоннаро ташкил дода, аз 16 корхонаҳои хурду калон 15 адади он фаъолият карда, 1 корхона бо сабабҳои гуногун маҳсулот истеҳсол  накардааст.

Дар 9 моҳи соли 2020 истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин миқдор 996,0 ҳазор тонна семент ба хориҷи кишвар,  аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 562,0 ҳазор тонна, Афғонистон 391,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 43,0 ҳазор тонна содирот гардидааст. Ҳаҷми содиротгардида 31% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгаридаро ташкил медиҳад.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 27,9 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,1%, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26,7% ва “Сементи Тоҷик” 5,2 % назаррас мебошад.

                                         Истеҳсоли шифер.

Дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият дошта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1258,8 ҳазор дона шифер ба маблағи 40,1 милион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 442,8 ҳазор дона зиёд аст.

Дар ин сол 2 корхонаи нави шифербарорӣ ҶДММ “Восеъ саноат” дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ва ҶДММ “Хизир Назар” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳи Бустони вилояти Суғд дар заминаи ҶДММ “Воситзода” коргоҳи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 250 ҳазор дона ба фаъолят оғоз намуд. Шумораи коргарон 25 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1100 сомонӣ баробар аст.

Бо назардошти фаъолияти мунтазами корхонаҳои мазкур истеҳсоли шифер зиёд гардида, воридоти он кам гашта истодааст.

                            

Истеҳсоли қуму шағал.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200  корхонаҳои истеҳсоли қуму шағал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 2104  нафар коргарон кор мекунанд. Дар ин давра 1077,2 ҳазор метри мукааб қуму шағал истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 ҳазор метри мукааб зиёд аст.

         Барои ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот чораандешӣ карда мешаванд.

                   

Истеҳсоли масолеҳи деворӣ.

Шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ) 129 ададро ташкил дода, дар онҳо 2406 нафар коргарон кор мекунанд.  Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 16, вилояти Суғд 48, ВМКБ  1, НТҶ 56 ва шаҳри Душанбе 6 корхона мавҷуд аст.

Аз ин миқдор 17 корхона бо сабаби кўҳнаю фарсуда шудани дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва надоштани иҷозатномаи истихроҷи хок фаъолият карда натавонистанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон 133,7 миллион дона хишти сохтмонӣ, 55,6  миллион дона хишти сементӣ, 98,7 ҳазор метри мураббаъ хишти роҳрав ва  31 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.

Корхонаҳои мазкур иншоотҳои сохтмониро бо ин намуди масолеҳ пурра таъмин карда истодаанд.

Тибқи супориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 майи соли 2019, №9-1060 дастур ва лоиҳаи ангоравӣ, барои сохтмони ангарҳо барои захираи хишт дар мавсими тирамоҳу зимистон ба миқдори 700,0 ҳазор дона хишт таҳия гардида ба корхонаҳо дастрас гардонида шудааст. Ангарҳо барои захираи хишт дар корхонаҳои ҶДММ «Баракат»-и н. Шаҳринав,  ҶДММ «Умед-М»-и ш. Турсунзода, ҶДММ “Сино Тоҷик Стар”, ҶДММ «Чилу», ҶДММ «Сохтмони Қалъа», ҶДММ «Азим -2014»- ноҳияи Ҳисор ва ҶДММ «Шодмон», ҶДММ «Ёрмуҳаммад-2013» ва  ҶДММ «Али Мустафо»- и ноҳияи Рўдакӣ сохта шудаанд.

  Бахши котиботи Вазорати саноат ва

технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон