Маълумоти умумӣ

ҲАДАФИ АСОСИИ ЛОИҲА

Баланд бардоштани маълумоти муҳандисӣ ва имконияти бо ҷои корӣ таъминшавии муҳандисони соҳаи  металлургия дар бозори минтақавӣ ва ҳам бозори ҷаҳонӣ бо роҳи мукаммалгардонии барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104 – Металлургияи металлҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси байналхалқии CDIO.

 

 

ҚИСМАТҲОИ ЛОИҲА/САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТ

 

ҚИСМАТИ 1. БАРПОКУНИИ СИСТЕМАИ ИДОРАКУНӢ АЗ РӮИ ЛОИҲА

Мақсади ин қисмат барпокунии системаи идоракунии лоиҳаи мазкур ба шумор меравад.

Мақсади мазкур бо роҳи ташкили гурӯҳи кории омӯзгорони пешбар, намояндагони корфармо ва шарикони муассисаҳои таҳсилоти олӣ; таҳияи нақшаи амал ва бюҷети қисматҳои лоиҳа; ташкили системаи мониторинги роҳи амал ва устувории лоиҳа.

 

ҚИСМАТИ 2. ТАШАККУЛ ДОДАНИ ПОТЕНСИАЛИ НАВИ КАДРӢ

Мақсади ин қисмат ташкил намудани потенсиали кадрӣ барои амаликунонӣ ва таъмини устувории натиҷаҳои лоиҳа ба шумор мераванд.

Мақсади додашуда бо роҳи ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорони кафедраи металургия дар МТОК – ҳои хориҷӣ, ки консепсияҳои СDIO – ро амалӣ менамоянд ба даст оварда мешавад (шиносоӣ бо таҷрибаи амаликунонии консепсия, стандарти 10 CDIO); ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорони кафедраи металлургия дар корхонаҳои соҳавӣ (баланд бардоштани дараҷаи ихтисос дар самти фаъолияти муҳандисӣ, стандарт 9 CDIO); ташкил ва гузаронидани семинарҳо ва хондани лексияҳо бо иштироки намояндагони МТОК – шарикони лоиҳа оиди мукаммалгардонии салоҳиятнокиҳои педагогӣ ва навоварии омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.

 

ҚИСМАТИ 3. МУКАММАЛГАРДОНИИ СТАНДАРТИ ТАҲСИЛОТ ВА БАРНОМАИ АСОСИИ ТАҲСИЛОТ

Мақсади ин қисмат дар якҷоягӣ бо тарафҳои манфиатдор (корфармоён,  хатмкунандагон ва волидайни онҳо, шарикони потенсиалӣ) коркарди стандарти таҳсилот ва барномаи асосии таҳсилот, азнавсозии нақшаи таълимӣ  барои ихтисоси “Металлургияи металлҳои ранга” мутобиқи талаботҳои стандартҳои Ташаббуси Байналхалқии CDIO бо назардошти таҷрибаи шарикон оид ба амаликунонии принсипҳои ҷараёни Болонӣ ва талаботҳои стандартҳои EUR – ACE ба салоҳиятнокии хатмкунандагон.

Ҳадафи мазкур бо роҳҳои зерин ба даст оварда мешавад: таҳлили вазъи кунунии масъалаҳои тарҳрезии барномаҳои таҳсилоти ибтидоӣ (таҳлили вазъи кунунии Стандарти давлатии таълимӣ аз рӯи ихтисос ва барномаи таълимӣ); ташкили сафарҳои омӯзишӣ ва семинарҳо оид ба омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар татбиқи усули CDIO ва таҳияи Низомнома, барномаи асосии таълимӣ ва навсозии маводҳои таълимӣ мутобиқи талаботҳои стандартҳои байналмилалии CDIO ташаббусҳо, принсипҳои раванди Болония ва татбиқи Стандартҳои EUR-ACE ба салоҳияти хатмкунандагон бо иштироки донишгоҳҳои шарик.

 

ҚИСМАТИ 4. МУКАММАЛГАРДОНИИ БАЗАИ МОДДӢ- ТЕХНИКӢ

Ҳадафи ин қисмат  ташкили муҳити корӣ барои фаъолияти муҳандисӣ мебошад, ки раванди таълимро дастгирӣ мекунад ва ба рушди амалии усулҳои сохтани объектҳо, равандҳо ва системаҳо, гирифтани дониш  ва омӯзиши ҷанбаҳои иҷтимоии муҳандисӣ мусоидат мекунад (Стандарт CDIO 6). Ин ҳадаф тибқи модели 4P тавассути ташкили 2 синфи компютерӣ барои “Банақшагирӣ” ва “Дизайн”, озмоишгоҳи прототипи рақамии “FabLab ДКМТ” – барои “Истеҳсол”, озмоишгоҳи “Технологияҳои металлургӣ” – барои “Истифодабарӣ” ба даст оварда мешавад. Муҳити кории муҳандисӣ барои ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши эҷодӣ ва амалӣ пешбинӣ шудааст, ки одатан барои иҷрои як қатор корҳо дар соҳаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

 

НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРШУДА

Дар давоми татбиқи  лоиҳа  ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст:

  • Таҳияи системаи идоракунии лоиҳаҳои санҷидашуда ва барои нусхабардорӣ омода, барномаи таълимӣ ва маводҳои таълимӣ барои дараҷаи бакалавр аз рӯи ихтисоси 42010104-Металлургияи металлҳои ранга мутобиқи стандартҳои Ташаббуси байналмилалии CDIO;
  • Гурӯҳи муаллимони баландихтисос ва лаборантҳо, ки қобилияти устовории ин лоиҳаро таъмин менамоянд;
  • Хатмкунандагон – муҳандисони металлург, ки қобилияти идоракунии давраи ҳаётии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи металлургияро доранд;
  • Бомуваффақият фаъолият намудани муҳандисони соҳаи металлургия ҳам дар бозорҳои меҳнатии маҳаллӣ ва ҳам байналмилалӣ;
  • Қаноатмандии волидон аз муваффақиятҳои фарзандони худ дар зиндагӣ.

 

 

ШАРИКОНИ  ЛОИҲА

  1. ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ПОРТО, ПОРТУГАЛИЯ

 

  1. ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ АВТОНОМИИ ТАҲСИЛОТИ МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ МИЛЛИИ ТАДҚИҚОТИИ ” ИНСТИТУТИ ПӮЛОД ВА ХӮЛАҲОИ МОСКВА”, РОССИЯ

 

  1. ҶДММ “АПРЕЛЕВКА”, ТОҶИКИСТОН

 

  1. ҶДММ “ШИРКАТИ КУҲИЮ САНОАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ” ТОҶИКИСТОН